Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "қочоқбарон"-и тоҷик дар Қазоқистон


Як шаҳрванди 47-солаи Тоҷикистон дар як истгоҳи роҳи оҳан дар наздикии шаҳри Қизилӯрдаи Қазоқистон бо иттиҳоми қочоқи 263 грамм ҳероин ва талоши бо роҳи қочоқӣ ба Русия бурдани муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шудааст. Элвира Шолқучқорова, сухангӯи идораи умури дохила дар Қазоқистони ғарбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, зане, ки боздошт шуд, 16 муҳоҷири тоҷикро бояд то истгоҳи Илетск, воқеъ дар марзи Қазоқистон бо Русия раҳбаладӣ мекард ва дар иваз мехост аз ҳар кадоми онҳо 1500 рубл рӯёнад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, алайҳи нафари боздоштшуда бо ду иттиҳом - қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон - парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо 16 муҳоҷири тоҷик, ки бидуни корти муҳоҷират ва бо роҳи ғайриқонунӣ мехостанд аз қаламрави Қазоқистон убур кунанд, ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Аз аввали соли ҷорӣ ин севвумин мавриди боздошти муҳоҷирини ғайриқонунии тоҷик дар қаламрави Қазоқистон аст. Қаблан 75 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистони шимолӣ ва баъдан 51 муҳоҷир дар ҷануби ин кишвар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG