Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Телерадиоком" ба итоати Кумитаи радио ва телевизион даромад


Мубоҳисаҳо пиромуни лағви истиқлолияти ширкати "Телерадиоком", молики амвоҷи радио ва телевизионии кишвар, дар нишасти ахири ҳукумати Тоҷикистон ҳалли ниҳоии худро пайдо карданд. Пас аз гузориши Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон 31-январи соли равон ҷониби ҳукумат ширкати саҳҳомии «Телерадиоком»-ро ба ихтиёри Кумитаи давлатии радио ва телевизион вогузошт. Ин хабаррро дафтари матбуъоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ кард.

Дар ҳамин ҳол Асадулло Раҳмонов раиси Кумитаи радио ва телевизион дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт феълан аз шарҳи муфассал роҷеъ ба ин масъала худдорӣ хоҳад кард. Вай гуфт тавзеҳот дар ин замина баъд аз интишори фармони раиси ҷумҳур дар мавриди ба ихтиёри Кумитаи радио ва телевизион гузаштани «Телерадиоком» эълом хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки раиси ширкати саҳҳомии «Телерадиоком» Давлат Ҳайдаров мухолифи фаъолияти ин ширкат дар сояи Кумитаи радио ва телевизион мебошад.
XS
SM
MD
LG