Пайвандҳои дастрасӣ

Нақши Остона дар омӯзониши марзбонони тоҷик


Бино ба иттилои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ин кишвар ҷиҳати омода кардани мутахассисони риштаи марзбонии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Бакит Сарсенов - корманди дафтари матбуоти ниҳоди амниятии кишвар ба родиои Озодӣ гуфт, ин нукта дар тавофуқномаи байниҳукуматӣ дар бораи омода кардани мутахассисони риштаи марзбонӣ дар Донишгоҳи низомии кумитаи амнияти миллии Қазоқистон зикр гардидааст.





Тавофуқнома дар ҷараёни дидору гуфтугӯи Амонгелдӣ Шабдарбоев - раиси кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва Хайриддин Абдураҳимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Алмаато ба имзо расид. Ҳамчунин дар ин мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои ниҳодҳои амниятии ду кишвар баррасӣ гардид.





Корманди дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон иброз дошт, ки сарварони ниҳоди амниятии ду кишвар тадобири амаливу мушаххас ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза алайҳи терроризм ва соири шаклҳои бунёдгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тавсиаи ҳамкориҳои фанниро мавриди баррасӣ қарор доданд.




Оқои Сарсенов иброз дошт, ки аллакай шурӯъ аз соли гузашта дар Донишгоҳи низомии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон анқариб 10 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил мекунанд.Имзои қарордод дар мавриди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи низомии Қазоқистонро Қодири Рустам, рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистон далели дустӣ ва муттаҳидии ду кишвар медонад:


«Қазоқистон аз наздиктарин кишварҳои муттаҳиди Тоҷикистон аст. Ҳар ду кишвар,таври маълум, узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд. Албатта, кишвари кӯчаке чун Тоҷикистон наметавонад дар ҳама риштаҳо донишгоҳҳо дошта бошад ва ин ки донишҷӯёни риштаи марзбонии Тоҷикистон дар Қазоқистон таҳсил бикунанд, ба назари ман амри муқаррарӣ аст. Аз сӯи дигар ин боз як далели дустӣ ва муттаҳидии ду кишвар мебошад».



Лозим ба ёддоварист,ки ки ҷавонони тоҷик ғайр аз донишгоҳи низомӣ ҳамчунин дар дигар донишгоҳҳои Қазоқистон таҳсил мекунанд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон алъон дар донишгоҳҳои гуногуни ин кишвар анқариб 200 нафар ҷавонон машғули донишомӯзианд, ки беш аз 70 нафари онон бо кумаки Қазоқистон ройгон таҳсили хешро идома медиҳанд.


Насибҷон Амонӣ, Алма-ато.
XS
SM
MD
LG