Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мадади бонки осиёӣ ба кишоварзони Тоҷикистон


fr

Бонки осиёии рушд дар чаҳорчӯби як барномаи ҷадид барои рушди арсаи кишоварзии Тоҷикистон 17 миллион доллар ихтисос додааст.



Дар баёнияе, ки аз сӯи дафтари Бонки осиёи рушд дар Душанбе мунташир шудааст, гуфта мешавад, кишоварзӣ манбаъи аслии даромади 64 дар сади аҳолии Тоҷикистон буда чаҳоряк ҳиссаи тавлидоти нохолиси миллии кишварро ташкил медиҳад. Аммо бо ин вуҷуд, арсаи кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нигаронкунанда буда қисмати аъзами воҳидҳои кишоварзӣ дучори мушкилоти ҷиддӣ мебошанд. Дар баёнияи бонки мазкур адами содироти фаровардаҳои кишоварзӣ ва озодии истифода аз замин, дурнамои норӯшани тиҷорат дар ин соҳа, табдил ёфтани заминҳои кишт ба шӯразор ва маҳдудияти фаъолияти корхонаҷоти тавлиди консерв аз сабзиҷоту меваҷот аз мавонеи рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон унвон шудааст.



Татяна Евстифеева, сухангӯи намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон гуфт, ин барнома дар панҷ ноҳияи атрофи пойтахт Файзобод, Ваҳдат, Роғун, Рӯдакӣ ва Варзоб ба иҷро гузошта мешавад. Ӯ гуфт, дар чаҳорчӯби ин тарҳ омӯзиши вазъи чарогоҳҳо тибқи меъёрҳои умумӣ, таҳияи нақшаи роҳ дар заминаҳои сиёсӣ, қонунгузорӣ ва ҷалби сармоя, расонидани кӯмак ба бахши кишоварзӣ ва тиҷорат, сохтмони роҳҳо ва пулҳо, шабакаҳои обрасонӣ ва ҷилавгирӣ аз биёбоншавии заминҳо пешбинӣ шудааст.




Сухангӯи дафтари Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон афзуд, дар чаҳорчӯби барномаи мазкур ҳамчунин барқарорӣ ва фаъолсозии корхонаҷоти кишоварзӣ, ислоҳоти қонунҳои соҳавӣ низ дар назар гирифта шудааст. Дар баёнияи дафтари Бонки осиёии рушд таъкид шудааст, ки наздики 8,5 миллион доллари ин маблағ кӯмаки ройгон буда бақияи он бо баҳраи як дар сад, баъди 8 сол аз замони поёни иҷрои ин барнома ба муддати 32 сол бозгардонида мешавад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG