Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ


Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Чин Тоҷикистонро шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои зимистонаи варзиш намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик Насрулло Зокиров, Абдураҳим Қурбонов ва Алишер Қудратов дар урдугоҳи лижаронии Сафедорак, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, 60- километрии шимоли Душанбе таҳти раҳбарии мураббӣ Дилшод Каримов тамрин карда, ба ин бозиҳо омодагӣ гирифтаанд. Онҳо дар ду навъи рақобатҳо оид ба лижаронии кӯҳӣ - слалом ва слалом-гигант ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.»

Мусобиқот оид ба лижаронии кӯҳӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои Осиёӣ дар Чин то рӯзи шанбеи 3 феврал идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG