Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ангела Меркел ва Нурсултон Назарбоев


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз номзадии Қазоқистон ба мақоми раҳбари давраии САҲА дар соли 2009 тарафдорӣ кардааст. Аммо ба гуфтаи ӯ Қазоқистон бояд то он замон ислоҳоти сиёсии худро идома бидиҳад. Ангела Меркел дар ин бора пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сухан гуфт.


Соли гузашта вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо расми раъдиҳӣ барои интихоби Қазоқистон ба ҳайси раиси давраии ин созмонро ба таъхир гузоштанд. Фаъолони ҳуқуқи башар бисёр вақт аз вазъи мурооти ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ва вазъи матбуоти он интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG