Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон марзбонӣ меомӯзанд


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҷиҳати омода кардани мутахассисони риштаи марзбонӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.



Бакит Сарсенов, масъули дафтари матбуоти ниҳоди амниятии Қазоқистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин нукта дар тавофуқномаи байниҳукуматӣ дар бораи омода кардани мутахассисони риштаи марзбонӣ дар Донишгоҳи низомии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон зикр гардидааст. Тавофуқнома дар ҷараёни дидору гуфтугӯи Амонгелди Шабдарбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Алмаато ба имзо расид. Ҳамчунин дар ин мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои ниҳодҳои амниятии ду кишвар баррасӣ гардид.



Оқои Сарсенов гуфт, сарварони ниҳодҳои амниятии ду кишвар тадобири амаливу мушаххас ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза алайҳи терроризм ва соири шаклҳои бунёдгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тавсиаи ҳамкориҳои фанниро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Ҷавонони тоҷик ба иловаи Донишгоҳи низомӣ, ҳамчунин дар дигар донишгоҳҳои Қазоқистон таҳсил мекунанд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, дар ҳоли ҳозир, дар донишгоҳҳои гуногуни ин кишвар ҳудуди 200 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон машғули донишомӯзианд, ки беш аз 70 нафари онон бо кӯмаки ҷониби Қазоқистон ройгон таҳсил мекунанд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG