Пайвандҳои дастрасӣ

ҲДТ: Як ҳизб, се гурӯҳ, се раис, се даъво...


Мақомоти Ҳизби демократии Масъуд Собиров мегӯяд, бо баргузор кардани раёсати ҳизби худ, муовинони ин ҳизбро аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷои онҳо ашхоси дигареро интихоб намуда ва анҷумани навбатии ҳизби худро дар таърихи 29 апрел даъват кардаанд.

Ҳайдулло Абдуллоев, ки акнун мувоини раиси ҲД Масъуд Собиров интихоб шудааст, гуфт, дар ҷаласаи раёсати ин ҳизб масъалаи ба гуфтаи кӯшиши ӯ табадуллот ё ғасби мақоми роҳбарии ҳизб аз ҷониби С. Исмонов, Таваралӣ Зиёев ва Сайидаҳмад Набизода баррасӣ шудааст. Гуфтанист, ҷамъе аз ҷонибдорони ин гурӯҳ бо ташкили анҷуман дар 14 январ С. Исмоновро, раиси ҲДТ интихоб карданд. Ва Масъуд Собиров ин анҷуманро ғайри қонунӣ эълон кард. Ҳайдулло Абдуллоев гуфт, барои фаъолияти хилофи оиннома С. Исмонов, Т. Зиёев ва С. Набизода аз вазифаҳояшон барканор шуда ва қарор барои тасдиқ ба анҷуман пешниҳод шуд.

Аммо Сайидҷаъфар Исмонов мегӯяд, анҷумани доиркардаи онҳо мутобиқи меъёри ойинномаи ҳизб сурат гирифта ва дар он аъзои ҳизб аз саросари ҷумҳурӣ ширкат кардаанд. Ва ба гуфтаи ӯ, даъво ва талошҳои М. Собиров дигар натиҷае нахоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳ. Абдуллоев, панҷоҳ нафар аз вакилони анҷумани С. Исмонов ба вазорати адлия номаи шикоятӣ навишта ва гуфтаанд, ки бо вуҷуди вакил интихоб шудани онҳо дар анҷуман ба ҷои онҳо дигарон ширкат карда ва раъй додаанд ва кори анҷумани С. Исмонов хилофи қонун аст.

Аммо С. Исмонов ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, аз вакилони анҷумани қаблӣ панҷ ё шаш нафар иштирок надошт, дигар ҳамаи онҳо ширкат намуданд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон низ ворид шудани номҳои ҳарду ҷониб ба ин вазоратхонаро таъйид мекунанд ва мегӯянд, ба дархост ва шикоятҳои ҳамаи гурӯҳҳои дар ҳоли талоши ҳизби демократ то чанд ҳафтаи дигар посухи ноҳоӣ дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Р. Валиев муовини ҲД Муҳаммадрузӣ Искандаров мегӯяд, ин ҳама кашокашӣ дар дохили ҳизби демократии М. Собиров масъалаи ҳамоиши ҷиноҳҳоро, ки шурӯъ шуда буд, маътал кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, вазири адлия ба онҳо итминон додаст, ки то чанд ҳафтаи дигар, ки баррасии фаъолияти гурӯҳҳои ҳизби демократӣ анҷом мешавад, баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд. Ҳам ҷиноҳи ҲД М. Собиров ва ҳам ҷиноҳи М. Искандаров умедворанд, ки Вазорати адлия С. Исмоновро ба унвони раиси ҲДТ нахоҳад шинохт ва онҳо кори худ барои баҳамоии ҳарду ҷиноҳро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG