Пайвандҳои дастрасӣ

Мактаббачаҳои тоҷик гуруснагӣ мекашанд


«Вақте ки субҳ мисли ҳаррӯза ҷамъомади пагоҳирӯзиро оғоз намудем, духтарчаи синфи 6 дар ҷои истодааш беҳуш шуда аз по афтод. Ва вақте мо ӯро ба ошхона дароварда ширу чои гарм додем ва баҳуш омад, маълум шуд, ки вай ҳанӯз аз бегоҳ чизе нахӯрда, боз субҳ бо шиками гурусна ба мактаб омадааст. Сабабаш ҳам он будааст, ки падараш дар Русия, модар дар хона набудааст ва бародараш ба мактаб рафта, ба ӯ чандон аҳамият надодааст.»

Зубайда Шарифова, омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи пойтахт буд, ки ҳолати аз ҳуш рафтани як хонандаи мактабро дар натиҷаи камқувватӣ ва гуруснагӣ қисса мекард.

Бар тибқи иттилое, ки аз китоби тозанашри «Фасод дар Тоҷикистон ва андешаҳои ҷомеа» мутолиа кардам, масъалаи ғизоии мактабиён дар саросари кишвар имрӯз ташвишовар буда, қариб 70 дар сади хонандагон бахусус дар деҳотҷойҳо ҳангоми дарсҳо гурусна будаанд. Дар китоби мазкур, ки аз ҷониби Маркази мутолеоти стратегӣ ва бар асоси як пурсише миёни хонандагон таҳия шудааст, омадааст, мизони истеъмоли хӯрок дар миёни мактабиён дар сатҳи паст қарор дорад ва истеъмоли гушту шир ва дигар ғизоҳои солим, ки ба рӯзгори инсон заруранд, хеле кам шудааст. Ин ҳама ба сиҳҳатии кӯдакон таъсири манфӣ дорад, мегуяд таҳқиқоти мазкур.

Воқеан, имрӯз қариб ҳамаи мактабҳои кишвар ошхона доранд, аммо азбаски мактаббачаҳо бояд аз ҳисоби худ тановул кунад, на ҳама чунин имкониятро доштааст. Бархи аъзами атфоле, ки аз оилаҳои начандон доро ҳастанд, аксаран бо истеъмоли хӯрданиҳои хушку сабук, ба монанди кулчақанд ё чалпак, ки аз 20 то 50 дирам арзиш доранд ва дар бархе ҳолатҳо ҳатто бо пораи нон қаноат мекунанд. Меҳрангез, хонандаи мактаби рақами 51 - и шаҳр мегӯяд:

«Дар мактаб гушна мемонем бисёри вақт ва агар пул бурда бошем бо худ ягон чиз харида мехӯрем, агар надошта бошем пул то бегоҳ ба хона рафтан тоқат мекунем.»

Маҳина хонандаи дигар ҳамарӯза бо худ яку ним сомонӣ меорад ва бо ин маблағ дар ошхонаи мактаб ғизои гарм мехӯрад: «Дар ошхонаи мактаб манту, шурбо, пиражки ва нону чой харида мехӯрем.»

Ба гуфтаи Ҷалолиддин Амиров, котиби матбуотии Вазорати маориф, қаблан ошхонаҳои назди мактабӣ аз ҷониби корхонаи Тоҷикматлубот ва дигар муассисаҳо бо маводи ғизо таъмин мешуданд ва ба қишри камбизоати хонандагон хӯроки ройгон дода мешуд, аммо имрӯз чунин имкон нест ва ин ошхонаҳо ба шахсони алоҳида тааллуқ доранд. Аммо ӯ афзуд, ки бо ин вуҷуд, вазъи беҳдории ошхонаҳоро Вазорати маориф назорат мекунад:

«Масъалаи асосӣ ин масъалаи гигиенӣ ва тозагии ошхонаҳо аст, зеро дар шароити феълӣ бемориҳои домана ва дигар маризиҳои сироятӣ дар кишвар ҳастанд ва ба талабот ҷавобгӯ набудани ошхонаҳо метавонад ба саломатии кӯдакон зарари ҷиддӣ расонад. Аз ин хотир бештари он ошхонаҳое, ки дар назди мактабҳо фаъолият доранду ба талаботи беҳдорӣ ҷавобгӯ набуданд, баста шуданд.»

Вале дар баробари ошхонаҳо имрӯз дар назди ҳар як мактаб ҳамчунин тоҷирони инфиродӣ ба фурушӣ хӯрданиҳои гуногуни бозоргири кӯдакон машғуланд. Амир, хонандае, ки дар шароити бебарқии манзилҳо ба шиками гурусна роҳ сӯи мактаб мегирад, гуруснагии худро бо истеъмоли ҳар маводи дастрасаш рафъ мекардааст. Зубайда Шарифова, омӯзгори мактаби рақами 65 - и пойтахт:

«Ҳарчанд маъмурияти мактаб назорати ҷиддӣ мекунад, ки кӯдакон аз берун ҳар гуна хурданиҳо нахаранд ва барои ин муаллимаҳо навбатдор меистанд, аммо тақозо кунед, ки хонанда то соати 12 дар кадом ҳолат дарс мегирад, албатта вай бача ҳаст ва гурусна мемонад. Хуб мешуд агар волидон ба ин назорат мекарданд. Бо аксари онҳо мо ҳамсӯҳбат шудем, онҳо набуди барқ ва газро баҳонаҷӯйи мекунанд ва мегӯянд дар чунин ҳолатҳо дигар илоҷ надоранд ва ба фарзандонашон маблағ дода таъкид мекунанд, ки аз наздикиҳои бозор ягон чиз харида хӯр ва баъд ба дарс даро.»

Бино ба як таҳқиқоти маркази зидди амрози тропикӣ, ки соли гузашта анҷом дода буд, 63 дарсади кӯдакони синни мактабӣ дар кишвар бо иллати риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ ҳангоми истеъмоли ғизо ба бемории кирми рӯдаву меъда мубтало шудаанд.

Вале бояд гуфт, бо ҳадафи пуштибонии атфоли навоҳии дурдаст аз таҳсил тавассути беҳтар намудани таъмини ғизоии мактаббачагон шурӯъ аз соли 1999 Барномаи ғизои мактабии Созмони ҷаҳониии озуқаи СММ дар 44 навоҳии кишвар роҳандозӣ шуда, 259 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоиро бо хӯроки гарми яквақтина таъмин месозад. Дар мактабҳое, ки барномаи ғизои Созмони милал амал мекунад, иштироки хонандагон дар дарсҳо болотар аз 97 дар сад буда, сифати азхудкунии барномаҳои таълимӣ низ назаррас будааст. Он маводи хӯрдание, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии ғизо ба мактабҳо расонда мешавад, махсус коркард мешудааст.

Вале ба гуфти бархе аз омӯзгорон, ҳолати гуруснагӣ ва ё камғизоии хонандагон дар баробари дигар маризиҳо пеш аз ҳама барои рушди зеҳнии кӯдакон таъсир мерасонад.
XS
SM
MD
LG