Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои курсиҳои холишудаи порлумон интихоботи нав баргузор мешавад


Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз баргузории як интихоботи миёндавраии дигар дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар хабар додааст.


Ин дар ҳолест, ба таърихи рӯзи 11 феврали соли равон нахустин интихоботи миёндавраӣ барои интихоби вакил дар Маҷлиси намояндагон дар ду ҳавзаи интихоботӣ дар навоҳии Қабодиён ва Восеъи вилояти Хатлон баргузор хоҳад шуд. Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дафтари Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт, дар асоси қарори ба тасвибрасидаи ин кумиссиюн, баргузории интихоботи миёндавраии навбатӣ дар се ҳавзаи интихоботӣ дар рӯзи якуми апрели соли равон муқаррар шудааст. Раҳбари дафтари Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт, аз ҳоло корҳои омодагӣ барои ташкили кумиссиюнҳои ҳавзавӣ ва қитъаҳои райдиҳӣ дар ин навоҳӣ шурӯъ шуда аҳзоби сиёсӣ ва афроди алоҳида метавонанд, дар мӯҳлати пешбиникардаи қонуни интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон асноди худро барои сабти ном ба ҳайси номзади интихоботӣ ироа кунанд.




Дар пайи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон бо фармонҳои президенти Раҳмонов вакилони собиқ аз ин се ҳавза Шерхон Салимов - раиси Оҷонсии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо фасод, Асадулло Абдуллоев -раиси ноҳияи Хуросон дар вилояти Хатлон ва Абдуҷаббор Шамсов - муовини вазири корҳои дохила таъйин шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, тибқи як фармони дигари раиси ҷумҳурӣ Ҷӯрахон Кабиров - вакили Маҷлиси намяондагон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон ба вазифаи муовини раиси Оҷонсии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо фасод таъйин шуд. Баъди қатъи ваколати ӯ аз сӯи Маҷлиси Намояндагон дар ин ҳавзаи интихоботӣ, Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон замони баргузории як интихоботи миёнадавраии дигарро эълом хоҳад кард.



Ба ҳамин тартиб, бо эъломи замони баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза шашумин интихоботи миёндавраӣ дар ин навбати фаъолияти порлумони Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG