Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси минтақаҳои бози иқтисодӣ дар Суғд


МИ

Дар вилояти Суғд минтақаҳои боз ва ё озоди иқтисодӣ таъсис хоҳад ёфт. Абдуқоҳир Назиров, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати Суғд гуфт, бо ин роҳ бояд рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои барномаҳои муштараки инвеститсиониро дар зинаи сифатан нав ва беҳтар таъмин кард.




Ӯ гуфт, таъсиси минтақаҳои бози иқтисодӣ дар навбати аввал дар Хуҷанд, пасон дар шаҳри Чкалов ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешбинӣ шудааст. Инҳо минтақаҳоест, ки аз нигоҳи саноати нисбатан рушдкарда буда, дар канори шоҳроҳҳои нақлиётӣ ва роҳи оҳан ҷойгир шудааст. Минтақаҳои бози иқтисодии Суғд, ба гуфтаи Абдуқоҳир Назиров, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати Суғд, умдатан рӯ ба ҷониби Чину Русия хоҳад дошт.




Аммо дар ҳоли кунунӣ Суғд бо ҳеҷ кадом аз кишварҳое, ки мехоҳад бо онҳо фазо ва шароити ягона минтақаҳои бози иқтисодиро эҷод кунад, роҳҳои иртиботи мустақими заминӣ надорад. Танҳо ифтитоҳи туннел аз гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон ва бозсохту таъмири шоҳроҳи нақлиётии Душанбе - Хуҷанд минтақаи шимолии Тоҷикистонро бо роҳи заминӣ мустақиман бо кишвари Чин пайваст хоҳад кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG