Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушзеҳнӣ дар пирӣ


Як пажӯҳиши тозаи табибони ҳолландӣ муайян кардааст, ки парешонхотирӣ ва ё заъиф шудани хотира дар замони пирӣ табобатшаванда аст.

То чанде пеш мегуфтанд, ки инсон кӯҳансол шуд, дигар ҳофизаи худро қавӣ карда наметавонад.

Аммо табибони ҳолландӣ мегӯянд, афроде, ки беш аз панҷоҳ сол доранд, барои ҳифзи хотираи худ бояд витамини Б 9 ва ё кислотаи фолий истеъмол кунанд.

Табибони ҳолландӣ мегӯянд, ҳаштсад нафаре, ки ҳангоми пажӯҳиш дар зарфи се сол 800 грамм витамини Б 9 истеъмол кардаанд, назар ба дигар ҳамсолони худ хотираи қавиву беҳтар доштаанд.
XS
SM
MD
LG