Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Абдулатифов: "Роғунро Русия месозад"


Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия сохта мешавад. Рамазон Абдулатифов сафири Русия дар Тоҷикистон имрӯз 30 - январ дар нишасти матбуотии худ дар шаҳри Душанбе бо ибрози ин матлаб гуфт Русия миёни дигар кишварҳо аз имконоти бештар бархурдор аст, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба анҷом расонад.


Оқои Абдулатифов бо ишора ба сару садоҳо атрофи ширкати русии Русал гуфт ширкати мазкур як ниҳоди ғайридавлатист ва набояд ихтилофи назари маҷуд миёни он ва мақомоти Тоҷикистонро ба муносиботи ду кишвар иртибот дод. Аммо сафири Русия дар Тоҷикистон мушаххасан дар ин нишаст ном набурд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун тавассути кадом ширкат ва ё ниҳоди ҷониби Русия сурат мегирад.


Сафири Русия афзуд ин масъала қарор аст баъд аз нишасти Кумисюни муштараки байнидавлатии Русия Тоҷикистон рӯшан гардад. Ба гуфтаи оқои Абдулатифов дар назар аст ин нишаст дар кӯтоҳтарин фурсат баргузор гардад. Ин дар ҳолест,ки аз рӯи мувофиқати қаблӣ бояд тирамоҳи соли гузашта нишасти кумисюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Русия ба мавзуъи мушкили сохтмони нерӯгоҳи Роғун миёни ду тараф анҷом мегузошт.
Вале бо гузашти ин нишаст масъалаи сарнавишти ояндаи сохтмони Роғун ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG