Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъини муовинони ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон


Дар чаҳорчӯби ислоҳоти сохтории давлати Тоҷикистон бо фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҷурахон Кабиров муовини раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъийн шудааст. Оқои Кабиров ба симати муовини раиси Ожонси мазкур дар ҳоле мансуб мегардад,ки ҳамзамон дорои ваколати узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мебошад.


Ҳамзамон бо ин дар канори оқои Кабиров бо фармони дигари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Абдулҳасанов низ муовини дуввуми раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст. Ожонси мазкур ахиран бо ҳадафи тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва такмили назорати муассири молӣ таъсис ёфтааст.


Шерхон Салимов намояндаи пешини порлумони Тоҷикистон бо фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар ахиран раҳбари ниҳоди навтаъсис таъйин шудааст. Дар ҳоли ҳозир кормандони ин ниҳод ба таври озмун ба кор қабул карда мешаванд. Гуфта мешавад дар маҷмӯъ шумори кормандони ниҳоди ҷадид 500 нафарро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG