Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронии кӯҳӣ


Зоир Ғаниев, сардовари ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 50 нафар лижаронон ширкат карданд.
Камолиддин Қосимов дар гурӯҳи хурдсолон мақоми аввалро касб кард. Ҷовиди Каромиддин дар ҷойи дуввум ва Фаридуни Асрориддин дар ҷойи севвум қарор гирифтанд. Сабқати лижаронони ҷавон бо ғалабаи Абдуғаффор Шарифов хотима ёфт. Наврӯз Мардонов дуввум ва Искандар Зокиров севвум шуданд. Дар рақобатҳо байни бузургсолон Абдусаттор Шарифов ғолиб омад. Баҳриддин Ғоибов ҷойи дуввум ва Наҷмиддин Ҷумъаев ҷойи севвумро гирифтанд.

Дар воқеъ, афзуд Зоир Ғаниев, дар айни ҳол варзишгарони тоҷик Насрулло Зокиров, Абдураҳим Қурбонов ва Алишер Қудратов таҳти раҳбарии мураббӣ Дилшод Каримов дар Чин тамрин намуда, ба мусобиқот оид ба лижаронии кӯҳӣ аз рӯи барномаи шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ, ки рӯзи чоршанбеи 31 январ шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинанд.
XS
SM
MD
LG