Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши эътирозӣ дар назди Додгоҳи Олии Тоҷикистон


Рӯзи душанбе, 29 январ як гурӯҳи тақрибан 35 нафараи шаҳрвандон аз субҳи имрӯз (29 январ) дар назди бинои Додгоҳи Олӣ ба нишони эътироз аз ҳукмҳои, ба гуфтаи эшон, "ноадолатонаи додгоҳҳо ва фасод дар низоми додгоҳии кишвар" гирди ҳам омаданд. Мардуми гирдомада ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои ин гирдиҳамоӣ онҳо аз ҳукумати шаҳр иҷоза гирифтаанд.

Дар шиорҳое, ки дар дастҳои эътирозгарон буд, адолат талаб мешуд ва исмҳои баъзе аз додрасҳо навишта шуда онҳо ба фасод ва ноадолатӣ муттаҳам мешуданд. Аксари гирдомадаҳо, ки аз шаҳри Душанбеву навоҳии гирду атроф ва ҳатто ноҳияи Ховалинг буданд, аз мушкилоти ҳуқуқии манзилҳояшон шикоят доштанд. Онҳо мегуфтанд, бо ҳукми додгоҳҳо манозили худро аз даст додаанд ва бидуни ришва наметавонанд мушкили худро ҳал кунанд.


Мардуми норозӣ гуфтанд, онҳоро дар Додгоҳи Олӣ касе қабул намекунад ҳарчанд имрӯз рӯзи қабул аст ва ҳамчунин як талоши пароканда кардани ин тазоҳурот бо кӯмаки низомиён сурат гирифтааст. Эътирозгарон гуфтанд, то ҳине, ки садояшон шунида нашавад, онҳо дар назди бинои Додгоҳи Олӣ хоҳанд монд.


Дар ҳамин ҳол, масъули дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Юсуфов гуфт, имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон мебошад ва, албатта, дар дидоре, ки афроди норозӣ бо раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон хоҳанд дошт, мушкилоти худро баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG