Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Чин


Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, масъули Кумитаи миллии олимпии ин кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт: "Шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳрҳои Чангчун ва Ҷилини Чин то рӯзи якшанбеи чаҳоруми феврал идома хоҳад кард. Варзишгарони тақрибан 30 кишвари қора дар даҳ риштаи варзиш, монанди биатлон, ҳоккей, фристайл, лижаронӣ, конкитозӣ, рақси рӯи ях ва лижаронии кӯҳӣ рақобат мекунанд. Ва аммо варзишгарони тоҷик Насрулло Зокиров, Абдураҳим Қурбонов ва Алишер Қудратов таҳти раҳбарии мураббӣ Дилшод Каримов танҳо дар як намуд - лижаронии кӯҳӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Зеро дар Тоҷикистон то ҳоло фақат ҳамин риштаи зимистонаи варзиш ба роҳ монда шудааст.»

Оқои Абдуллоев афзуд, варзишгарони тоҷик барои севвумин бор аст, ки дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ ширкат меварзанд. Онҳо дар урдугоҳи лижаронии кӯҳии Сафедорак, 60-километрии шимоли Душанбе тамрин карда, ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ дидаанд.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Тими футболи «Пахтакор»-и Тошканд барандаи Ҷоми Иттиҳод - 2007 гардид.

Қаҳрамони футболи Узбакистон дар понздаҳумин давраи ин мусобиқот дар бозиии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 28 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский»-и шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, тими «Вентспилс» - қаҳрамони Латвияро аз рӯи пенолти - силсилаи зарбаҳои 11-метра бо натиҷаи 9 бар 8 шикаст дод. Замони асосӣ ва иловагӣ бидуни гол хотима ёфт.

Пеш аз ин бозӣ дар марҳилаи ниманиҳоӣ «Пахтакор» бар «Шериф»-и Молдова ва «Вентспилс» бар тими ҷавонони CSKA-и Маскав бо натиҷаи якхелаи 1 бар 0 пирӯз гашта буданд. Бад-ин тартиб «Пахтакор» аз байни қаҳрамонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда соҳиби Ҷоми Иттиҳод гардид.
XS
SM
MD
LG