Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамос ва Фатҳ дар Макка гуфтушунид мекунанд


Гурӯҳҳои фаластинии Ҳамос ва Фатҳ ба пешниҳоди шоҳи Арабистони Саъудӣ Абдуллоҳ ризоият додаанд, ки аз онҳо даъват кард, барои хотимаи бӯҳрони сиёсӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ дар Макка ба гуфтугӯ нишинанд.


Шоҳи Арабистони Саъудӣ дар ҳоле пешниҳоди подармиёнӣ кард, ки бархӯрдҳои тарафдорони Фатҳ ва Ҳамос, дар зарфи чаҳор рӯзи ахир ҷони 25 нафарро гирифт. Малик Абдуллоҳ ин ҷангҳоро як расвоӣ хондааст.


Дар миёни ин набардҳо чанд маврид одамрабоӣ ҳам рӯй дода ва тазоҳуроте барои ваҳдати миллии фаластиниён дар Навори Ғазза ва Канораи Ғарб низ баргузор шудааст.


Хушунатҳои мавҷуд музокироти раиси ҷумҳури фаластиниён Маҳмуд Аббос ва ҳизби ҳокими Ҳамос дар мавриди ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро баҳам задааст.
XS
SM
MD
LG