Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти Аврупо-Афғонистон дар Берлин


Имрӯз ( 29 январ) дар шаҳри Берлин ҷаласаи Иттиҳодияи Аврупо ва Афғонистон баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он авзоъи Афғонистон дар соли гузашта ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор мегирад.


Хавиер Солана, сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, Беннитто Фереро Валтнер, кумиссионери умури хориҷаи Кумиссиёни Аврупо бо раҳбарии вазири умури хориҷаи Олмон Франк Валтер Штайнмайер дар ин ҷаласа Иттиҳодияи Аврупоро намояндагӣ мекунанд.


Ҳайъати Афғонистон бо раҳбарии вазири умури хориҷа Рангин Додфар Спанто дар нишаст ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG