Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амитабх Бачан ҷоизаи Наполеонро гирифт


Ҳукумати Фаронса яке аз ҷоизаҳои мӯътабартарини ин кишвар Легион Деҳоннорро имсол ба ситораи Боливуд Амитабх Бачан супурд.

Бино бар навиштаҳои матбуоти Ҳинд, сафири Фаронса дар Деҳлӣ Доминик Жерар ҷоизаро ба хотири нақши Амитабх Бачан дар фарҳанги байналмилалӣ ва Ҳинд ба ин ҳунарманди бомаҳорат супурдааст.

Легион Деҳоннорро соли 1802 Наполеон барои хидматҳои арзанда дар умури низомӣ ва шаҳрвандӣ таъсис дода будааст, ки ба шаҳрвандони Фаронса ва ё хориҷиён низ дода мешавад.

Амитабх Бачани 64 сола, ки дар 140 филм нақш иҷро кардааст, гуфт, ин ҷоизаро на танҳо эътирофи дастовардҳои худ балки эътирофи дастовардҳои синамои Ҳинд мешуморад.
XS
SM
MD
LG