Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав се муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расиданд


Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 26 январ дар як мошин дар гараже дар кучаи Севанская пайдо шуд. Хабаргузориҳо бо такя ба ташхиси пешакӣ менависанд, ки онҳо бар асари заҳролудшавӣ аз газ аз олам даргузаштаанд. Пулиси Маскав гуфт, ки алҳол дар куҷо кор кардани онҳо ва ба кӣ мансуб будани мошин таҳқиқ мешавад. Онҳо ҳадс мезананд, ки шояд шаҳрвандони Тоҷикистон даст ба худкӯшӣ задаанд.
Ва аммо Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия бо тайиди ин хабар фарзияи худкӯшии шаҳрвандони кишварро рад кард ва гуфт:

Воқеъан ҳам рӯзи 26 январ дар Маскав ин гуна ҳодиса рух дод. Феълан кормандони бахши консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва фикр мекунам, ки то фардо - рӯзи душанбе шахсияти ин шаҳрвандон маълум хоҳад шуд. Ва аммо ман ба фарзияи худкушии шаҳрвандони Тоҷикистон розӣ нестам, зеро тоҷикон пайравони дини мубини Исломанд, ки худкуширо маҳкум мекунад. Ҳамин гуна ҳодиса чанде пеш дар Хабаровск низ рух дода буд. Як шаҳрванди Тоҷикистон субҳ ба мошин даромада ҳангоми гарм кардани мотор хобаш бурдааст ва аз олам даргузаштааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва барои интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.



Тибқи як иттилоъи дигари хабаргузории Интерфакс, бегаҳи рӯзи ҷумъа дар Маскав дар кӯчаи Уссурийская ҷасади як сокини Осиёи Марказӣ ошкор шуд.
Ба иттилоъи кормандони умури дохила, афроди ношинос ба бадани ӯ беш аз 20 бор бо корд задаанд. Гуфта мешавад, ки ҳуввияти шахси кушташуда маълум нест - ӯ бо худ ягон санад надоштааст. Ва аммо тахмин зада мешавад, ки ӯ дар Маскав ба ҳайси фарроши ҳавлӣ кор мекард. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот дар ин куштор даст доштани миллатгароёни русро аз эҳтимол дур намедонад.
XS
SM
MD
LG