Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони пушаймон Ҳизб-ут-таҳрирро тарк мекунанд


шаҳри Алмато Беш аз 50 узви Ҳизб-ут-таҳрир (ҲТ) дар Қазоқистон фаъолияти хешро дар ин созмони қатъ карданд.

Ислом Бекишев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи шанбеи 27 январ ба радиои Озодӣ гуфт, онхо, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба сар мебаранд, бо ҳамсафонашон ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба таври расмӣ муроҷиат намуда, аз ақида ва барномаи ҲТ довталабона рӯй тофтанд. Чунин иқдом баъди боздошти иддае аз сарварону фаъолони ҲТ дар кишвар пиёда шудааст. Моҳи декабри соли гузашта бархе аз сарварон ва фаъолони ин ҳизб боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд. Рӯзҳои ахир боз 3 нафар аз сарварони ҳизб, ки дар бозҷӯӣ қарор доштанд, боздошт гардиданд. Яке аз онҳо довталабона ба полис ҳозир шуда, гуфт, аз кардаи хеш пушаймон аст. Онҳо ба ниҳодҳои интизомӣ китобу шабномаҳо, таҷҳизоти табъ ва рӯзномаву маҷаллаҳои тарғиботии худро супориданд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, дар натиҷаи аксултаблиғ бо ширкати донишмандон ва рӯҳониён боз беш аз бист нафар аз узвият аз ин созмон даст кашиданд.

Бархе аз сиёсатшиносон, аз ҷумла Қаҳрамон Хуҷамбердиев бар он аст, ҳадафҳои ҲТ, ки бунёди хилофати исломист, ба воқеияти имрӯза ва қонуни асосии кишвар муғойир аст. Вале ба андешаи сиёсатшинос алайҳи ин созмон набояд бархурди шадид кард, балки бештар корҳои таблиғотӣ бояд бурд. Зеро яке аз сабабҳои дар байни ҷавонон пайдо шудани ҷонибдорони ин ҳизб, ба андешаи ӯ, пастии маърифати сиёсии онҳост ва аз ҳама бештар адами мавҷудияти ғояи умумимиллӣ дар Қазоқистон аст. Вале аз сӯи дигар Евгений Жовтис, сарвари Дафтари байналмилалии ҳуқуқи башар дар Қазоқистон таъкид мекунад, ки бояд ба фаъолияти узви ҲТ ба таври алоҳида ва дар вазъи муайян баҳо дод. Танҳо бо узвият дар ин созмон наметавон шахсро муҷрим донист. Агар узви ҳизб ягон амали террористӣ анҷом диҳад ва ё амали дигари зӯровариро пеш гирифта бошад, дар он ҳолат ӯро метавон ба додгоҳ кашид, мегӯяд Жовтис.

Ҳизб-ут-таҳрир дар Қазоқистон аз соли 2005 ба ҷумлаи созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ шомил гаштааст.
XS
SM
MD
LG