Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруди изтирории ҳавопаймои Тоҷикистон


Ба иттилоъи хабаргузориҳо як ҳавопаймои Ту-154-и ширкати миллии ҳавонавардии ТоҷикЭйр рӯзи 25-уми январ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Ин ҳавопаймо мебоист дар масири 631 аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард, аммо пас аз чанд лаҳзаи аз замин бархостани он, халабонон дар муҳаррикони ҳавопаймо нуқсе ёфтанд ва дархост карданд, ки ба замин фуруд оянд. Вале барои ин мебоист сӯзишвории ҳавопаймо то охир сӯзонда мешуд. Ба ин сабаб ҳавопаймо бо 160 мусофир ва шаш узви дастаи халабонии он тайи сеюним соат бар фарози шаҳри Душанбе парвоз кард ва ниҳоят ба замин нишаст.


Дар робита ба ҳодисаи фавқулодда дар фурудгоҳи Душанбе як ҳайъати вижа таъсис ёфтааст, то сабабҳои онро таҳқиқ кунад. Мӯҳлати истифодаи аксари ҳавопаймоҳои ширкати давлатии ТоҷикЭйр гузашта, сарони ширкат гуфтаанд, ба ҳавопаймоҳои нав эҳтиёҷ доранд. Аммо то ҳанӯз масъалаи харид ё кирояи ҳавопаймоҳои нав ҳал нашудааст.
XS
SM
MD
LG