Пайвандҳои дастрасӣ

Лабханд аз диди Шумо чӣ аҳамият дорад?


Ба фикри ин ҷониб, чун ба зермаънойи вожаи "лабханд" нигоҳи амиқ андозем, хоҳем дарёфт, ки он ханда ба лаб тааллуқ дорад !! На ба даҳону на ба дандон!!! Ҳамин тавр не!? Ҳатто ин навъи ин ханда ба садову овозе ниёз надорад.Пас метавон гуфт, вакте инсон дар вуҷуди худии худ бузург асту ҳаводиси фидорайнро аз баландӣ мебинад ва ба ҳоли дардмандону золимон яксон баҳо медиҳад табассуме дар руи лабонаш гул мекунад, ки инро метавон лабханд ё гулханд номид.

Ба ибораи дигар ин навъи ханда изҳори ризоият бар худу Худо аст ва хосси ҳар касу нокас нест!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
бо эҳтиром
Арчамайдонии Ризо
---------------------------------------

Бисмиллоҳи раҳмонирраҳим.

Ин лабхандро паёмбари ислом Муҳаммад (с) мегўяд, ки дар рўи бародар садақа аст. Ва одам бояд ки ҳама вақт ҳамин хел бошад дар байни дӯстону душманони худ.

Маҳмадиев
--------------------------------

Ба назари ман, лабханд арзонтарин ва ҳамзамон қиматтарин тӯҳфаест, ки як инсон метавонад ба инсони дигар тақдим кунад. Ва дар баробари ин лабханд ифшогари хислату характери одамон низ ҳаст. Касоне ҳастанд, ки аз хасисии зиёд лабханди худро аз мардум дареғ медоранд ва касоне ҳам ҳастанд, ки бадтарин корҳои худро низ бо лабханд анҷом медиҳанд. Нописандиҳо ва дуруғҳо низ бо лабханд анҷом дода мешаванд ва ҳамзамон муҳаббату некварзиҳо низ. Вале бо ин вуҷуд лабханд беҳтарин ва хотирмонтарин чизест, ки одамон метавонанд, ба ҳамдигар ҳадя кунанд.

Ашури Назарзода
------------------------------


Ба номи Худо
Саломуналайкум кормандони хуби радиои Озодӣ, аз шумо самимона ташаккур мекунам ба ин баҳсҳои ҷолиб.

Ба назари банда хандаро метавон ба ду даста тақсим карда:
1- Хандае, ки мавриди писанди худо ва расулаш мебошад.
1- Хандае, ки душманон ислом ба он рози ҳастанд.

Беҳтарин хандаро агар дар торихи ислом ҷустуҷӯ кунем, ба назари ман, ҳамон фатҳи Маккаи мукаррама мебошад, ки мо дар филми Паёмбар Акрам мебинем хандаи шавқ ба хотири ризои худованд ва расулаш, ханда барои ватани азизашон ки чанд сол шуда буд, ки аз он дур буданд, ханда ба хотири пирӯзии имон бар болои куфр.

Бо эҳтиром
Абдусамади Раҳим
------------------------------

Ассалому алейкум, кормандони радиои Озодӣ.

Ханда дар лабони одамонест, ки корҳояшонро ба наҳви аҳсант ва ба хости дил ва ҳамчунин розигии падару модар ва бузургон анҷом медиҳанд, Ин хандаи воқеист, вале мумкин аст хандаҳое дар ҷомеъа вуҷуд дошта бошад, ки вобаста бар дигар омилхост. Ин навъи дуюми ханда низ омилҳои зиёд дорад.

Аммо гуфтанӣ ҳастам биёед миллати тоҷик ва бо дили кушод ва бо хандаҳои зебо ки дар замони Сомониён ҳукуматдорони мо ҳамчун тоҷик шинохта мешуданд мо ҳам талошҳоямонро бо навъи аҳсант анҷом дода ва ҳар кадомамон зиндадил буда ва бо хандаҳои зебоямон ба ҷаҳониён бифаҳмонем, ки мо будем ва ҳастем ва мемонем ва намегузорем, ки таърихи сӯзноки гузашта такрор бишавад.

Бо эҳтироми фаровон
Тоҷикписар
--------------------------------------
Бо салом.

Лабханд ва чеҳраи боз доштан аз лиҳози мухталиф дорои аҳамият буда, дар ҳадисҳои паёмбар(с) ва ашъори шоирону суханони бузургон ба он ишораҳои фаровон шудааст.

Аз лиҳози равоншиносӣ ҳам лабханд бисёр муфид буда, худи шахси лабханддиҳанда ва бинандаро хушҳол намуда, онҳо ғаму андўҳи худро фаромўш мекунанд. Аз ин лиҳоз аст, ки расули худо таъкид намуда, мукарраран мегўяд: “Ҳар ки лабхандеро бар лаби мусулмоне эҷод мекунад, худовау паёмбар аз ў розӣ буда, ҷои ў биҳишт аст.”

Ҳамчунин расули акрам намозу рўзаеро, ки соҳибаш натавонад, лабхандро ба лаби мардум андозад, мазаммат мекунад ва ба қавли он шоир, ки мефармояд:

Сад сол ба рўза бошию шаб ба намоз,
Он беҳ набувад, ки як диле шод кунӣ.

Аз кори баракс, яъне озурдани дил бисёр мазаммат ва накўҳиш шудааст:

Май бихўр, мусҳаф бисўзу оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.

Бо эҳтиром Алиҷон аз Душанбе
------------------------------------------



Баъзе мардум мегӯянд, ки ханда умри инсонро дароз мекунад, лекин дар ҳақиқат инсон вақте механдад, ки зиндагии осуда дошта бошад.

Аз ин маълум мешавад, ки мардуми Тоҷикистон то ҳол ба чунин лабханд нарасидаанд ва агар каме бошад ҳам ин лабханди онҳо муваққатист.

Худованд ба хонадони ҳар яке аз мардуми тоҷик зиндагии осуда ва лабханди абадӣ дохил гардонад.

Оуен
--------------------------------------

Фикр мекунам, беҳтарин лабханд ин лабханди шахси фақир аст.Ва табиист, ки ин шахс беҳуда намехандад.Ва хандааш ба маънии беҳбуди рузгораш хоҳад буд.

Дар ин маврид, суоле ба миён меояд, ки оё чанд фисади мардуми тоҷик лабханди табиӣ дорад? Мутмаинам, ки аз ҷумла муҳоҷирони кории мо агар лабханд ҳам дошта бошанд, он муваққатист (лаҳзае ва ё мавсиме). Яъне ҳар бор, ки ба Ватан баргардад худ ва азизони худро шод мегардонад. Мутаасифона, шояд дар чунин ҳолат аз шоди гиря ҳам карданашон имкон дорад.
Охир чунин ҳолатҳо ҳар сол рух намедиҳанд-ку?

Рачки







Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG