Пайвандҳои дастрасӣ

Буш ба бархӯрди шадидтар бо эрониҳо дастур дод


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ба нирӯҳои Амрико дар Ироқ дастур дод, ки дар муқобили пешкорони эронӣ дар Ироқ дар ҳоли таҳдид пиндошта шудани онҳо аз ҳар чорае ки зарур медонанд, истифода кунанд. Вай гуфт, "агар касе талош дорад, ба нирӯҳои мо зиён расонад ва ё моро нагузорад, ба мақсад расем, ё сокинони бегуноҳи Ироқро мекушад, мо онҳоро боз хоҳем дошт." Вале Буш афзуд, ҳама гуна амалиёти зидди эрониҳо танҳо дар ҳудуди Ироқ сурат хоҳад гирифт.


Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, Гордон Ҷондро гуфт, Вашингтон ҳамоно иттилоъ мегирад, ки эрониҳо ба ошӯбгарони ироқӣ таҷҳизот ва таълими нимзомӣ медиҳанд, то ба сарбозони амрикоӣ дар Ироқ зиён бирасонанд.


Дар Паёми солонаи худ рӯзи 10-уми январ низ президентии Амрико гуфта буд, ки бо Эрон ва Сурия бархӯрди шадидтареро дар пеш хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG