Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишел Платинӣ раиси UEFA интихоб шуд


Мишел Платинӣ, футболбози машҳури Фаронса президенти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо -- UEFA интихоб шуд. Дар нишасти хабарӣ, дар Дюсселдорфи Олмон Платинӣ ба онҳое ки дар расидан ба чунин мақом кӯмакаш карданд, ташаккур гуфт ва афзуд:

"Ман хеле мутаассир шудам, бениҳоят мутаассир, аммо шод. Вақте ман футболбоз будам ва ҳангоме ки пирӯзии бузург насибамон мешуд, ҷоизаро ба даст меовардем ва гирди варзишгоҳ чархиши ифтихорӣ анҷом медодем, ҳамаи дӯстон дар атрофам буданд. Имрӯз, ончи рӯй дод, пирӯзии бузургест барои ман, вале ман наметавонам, чархиши ифтихорӣ анҷом диҳам, зеро бояд корро сар кард. Ин оғози як саргузашти ҷолибест ва ман мехоҳам, ҳамаи дӯстонеро, ки ба ман бовар карданд ва ҳамаи даставу ниҳодҳоро, ки маро таҳрик доданд, аз пайи ин мақом шавам ва дар гирифтани он кӯмакам карданд, ташаккур мегӯям."

Платинии 51-сола раиси феълии UEFA Леннарт Йоҳансони 77-солаи шведро дар интихобот шикаст дод. 27 нафар ба Платинӣ ва 23 нафар ба Йоҳансон раъй доданд. Йоҳансон аз соли 1990 раиси ин иттиҳод буд.

Платинӣ, ки се дафъа беҳтарин футболбози Аврупо эълон шудааст, аввалин бозингари собиқ аст, ки ба чунин мақоми баланди мудирияти футбол баргузида шудааст.
UEFA дар соли 1954 таъсис ёфта, ҳоло 53 федерасиюн ва ниҳодҳои футболи Аврупоро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG