Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳам хостори Cоли Мавлоно буд, аммо...


Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири давлатии райиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар пайи як сафари расмии худ моҳи январи соли 2006, Эмомалӣ Раҳмонов бо мақоми баландпояи Туркия созишномае ба имзо расонид, ки муштарак ба унвонии ЮНЕСКО нома менависанд ва соҳибони аслии ҷашнвораи 800- солагии Ҷалолиддини Балхӣ мешаванд. Вале, мегӯяд оқои Салоҳиддинов, бо иллати он, ки Туркия дар ҳамҷоягӣ бо давлатҳои Афғонистон ва Эрон ин тасмимро амалӣ кард, Тоҷикистон аз соҳибии ин ҷашнвора бенасиб монд:

«Як созишнома ҳам имзо шуда буд, ки бояд Тоҷикистону Туркия муштарак ҳаштсадсолагии Румиро ҷашн мегиранд. То ҷое, ки ман дарак дорам, Туркия бо Эрону Афғонистон якҷоя ба унвонии ЮНЕСКО дар бораи таҷлили ин ҷашнвора нома навиштаанд. Яъне, Тоҷикистон дар ин миён берун мондагӣ».

То ҳол ҷониби Тоҷикистон вокунишеро нисбат ба амали мақомоти баландпояи Туркия нишон надодааст. Аммо ба гуфтаи масъулин 800- солагии Мавлавии Балхӣ дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мешавад. Ҳамакнун, Вазорати фарҳанг, Академияи улум ва Иттиҳоди адибони Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои худро омода кардаанд. Абдуҷаббори Абдуғаффор, раҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанг гуфт, онҳо ният доранд, силсилаи конфронсҳои илмӣ ва озмуни ровиёни ашъори Мавлавиро баргузор кунанд.

Абдулҳамиди Самад, муовини райиси Иттиҳоди адибони ҷумҳурӣ низ дар сӯҳбат ба радиёи «Озодӣ» гуфт, онҳо то рӯзи баргузории ҷашни 800- солагии Мавлавии Балхӣ куллияи осори Мавлоно Балхиро бо хатти сириллик, дар як маҷмӯаи комил барои нашр омода мекунанд. Оқои Самадов таъкид мекунад, Тоҷикистон бояд соҳиби ин ҷашнвора мешуд, чун Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамин сарзамин ба дунё омадааст:

«Шахсияте ба монанди Ҷалолиддини Румӣ барои тамоми башарият аст. Аз осори ӯ метавонанд, ҳамаи мардуми дунё истифода кунанд, омӯзанд. Аммо соҳиби аслии Ҷалолиддини Балхӣ мардуми мо мебошанд. Саҳв аст, дар қатори дигар кишварҳо номи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳиби ин ҷашнвора ҷой нагирифта бошад. Овозаи ин ҷашн дар кишварҳои дигар набуд, ки дар ҳамаи ҷаласаҳои Тоҷикистон оид ба пешвозгирии 800- солагии Румӣ гуфтугӯ ба миён омад ва аввалин бор садо аз ин ҷо баланд шуд».

Мусалламан, дар доираҳои зиёитабори тоҷик кам касеро дарёфтан мушкил аст, ки Ҷалолиддини Балхиро нашиносад ё абёте аз осори гаронбаҳои ӯро надонад. Давлатманди Хол, фалаксарои маъруфи тоҷик, ки барои нахустин бор, соли 1962 аз шаҳри Лондон китоби «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавиро ба Тоҷикистон овардааст, мегӯяд, ба панҷоҳ ғазали ин шоири классики тоҷик оҳанг баста, сурудааст. Дар кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон, ки Давлатманди Холро бо номи «оқои «Дур марав» мешиносанд, рӯ ба рӯ аз ӯ хоҳиш кардам, то матлаъи ин ғазали Мавлавиро барои мо бихонад:

«Эй шуда ғарра дар ҷаҳон, дур машав, дур машав.»

Давлатманди Хол афзуд, аз падари худ баъзеи шеърҳои чопнашудаи Ҷалолиддини Балхиро дар даст дорад. Вай, ки аз хурдӣ бо шеъри Мавлавӣ қаробати бештар дорад, гуфт, бори аввал шеъри ин шоири шинохтаи тоҷик соли 1978 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» рӯйи чоп омадааст. Ба гуфтаи оқои Давлатманд, дар замони собиқ Шӯравӣ намегузоштаанд, ки ҳунармандон ғазали Мавлаиро ба риштаи оҳанг кашанду сароянд. Чун шоҳиди воқеъоти ин ҳол набудам, беҳтар мешуморам, нақли Давлатмандро, ки бо як эҳсоси ғайриоддӣ қисса мекард, бишнавем:

«Ҳатто ман болои саҳна чандин ғазалҳояшро бароварданӣ будам. Аз шӯрои бадеӣ нагузашт. Дар хонаводаи мо падарам, бобом осори Мавлавиро мехонданду дӯст медоштанд. Баъдан, шеъри Мавлавӣ дар оҳангҳои фалак хеле мувофиқ гуфта шудаанд. Вақте онҳоро воқеӣ мехонӣ, дар ҳақиқат як базми сӯфиёна мешавад. Бояд дар ҳангоми хондани шеъри Мавлавӣ мағзи сар дар косахонаи сар ва қалб даруни сина рақс кунад».

Оқои Давлатманд меафзояд, нақша дорад, барои таҷлили ҷашнвораи Мавлавӣ шеърҳои ӯро ба риштаи оҳанги фалак бикашад ва бисарояд.

Дар ҳамин ҳол, Нодир Одилов, як донишманди кӯҳансоли тоҷик, ки беш аз 60 сол инҷониб роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти Мавлавии Балхӣ кор мекунад, Мавлавиро ба унвони як фарзанди тоҷик мешиносад. Ва ӯ мехоҳад, китобҳои илмияшро, ки «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Балхӣ» ном доранд, дар як шакли комил ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп кунад. Вай гуфт, Тоҷикистон бояд мизбони асосии ҷашнвора мешуд. Аз ин ки ҷумҳурӣ натавонист, ин унвонро соҳиб шавад, мегӯяд, донишманди тоҷик, гуноҳи мардуми тоҷик ва ҳукумати ин кишвар аст: «Муддати ҳамин чандин сол даҳ бор ҷашнвораи ким-касеро ҷашн гирифтанд. Аммо ҳамин Мавлоно Ҷалолиддинро боре ҳам напурсиданд. Баъд дигарҳо гумон карданд, мо бо Мавлавӣ муносибат надорем. Ин айби худамон шуд.»
XS
SM
MD
LG