Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи таҷлили ҷашни Мавлоно Румӣ


vr

Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон бо муовини раиси иттиҳодияи нависандагон ва рӯзноманигарони Туркия, муншии умумии платформаи "Диалог Авросия" Эркам Туфан Айтав доир ба барномаи таҷлили байналмилалии 800 - солагии Ҷалолиддини Балхӣ гуфтугӯ кард.


Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин дидор масоили омодагӣ ба таҷлили байналмилалии 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки масъалаи таҷлили муштараки ин ҷашни байнулмилалӣ моҳи январи соли 2006 зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Туркия байни сарони ду давлат ба мувофиқа расида буд.


Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни сӯҳбат президент Раҳмонов оид ба таҷлили бошукӯҳу шоистаи ҷашни 800-солагии ин нобиғаи олами маъонӣ дар Тоҷикистон, Туркия ва Эрону Афғонистон пешниҳодҳои муфиду арзишманд баён дошт. Ҷонибҳо ба ин хулоса расидаанд, ки ҷашни мазкур шоиста ва зери назари созмони ЮНЕСКО ва бо ширкати густардаи аҳли илму фарҳангӣ ва доираҳои иҷтимоӣ таҷлил гардида, ба ҷашнвораи байналмилалӣ табдил ёбад ва ба дурнамои дарозмуддати ҳамкориҳои судбахш заминаи мусоид фароҳам орад.


Дар ҳамин ҳол, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба роҳбарияти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дастур дод, ки то рӯзҳои таҷлили ҷашнӣ, яъне сентябри соли 2007 мунтахаби осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо панҷ забон нашр карда шавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби барномаи ҷашн бахшида ба "Соли Мавлоно" шаҳрҳои Қурғонтеппаи Тоҷикистон ва Қунияи Туркия бародаршаҳр эълон мегарданд. Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки водии Вахш зодгоҳи Мавлоно аст ва дар Қуния оромгоҳи ӯ қарор дорад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG