Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули нав барои бунёди хатти барқ ба Кобул


Бонки осиёии рушд мехоҳад ба Тоҷикистон барои суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии хатҳои интиқоли барқ то Афғонистон 65, 6 миллион доллари амрикоӣ ихтисос диҳад.


Дар ин бора намояндагии ин бонк дар Кобул баёния интишор кард. Дар он гуфта мешавад, хатҳои таҳвили барқ бояд дар зарфи се соли оянда мавриди истифода қарор гиранд.


Қарор аст, нирӯи барқ аз Тоҷикистон ба Кобул, пойтахти Афғонистон, Қундуз, Пули Хумрӣ ва Шерхон-Бандар интиқол ёбад.


Иқтидори умумии солонаи хатҳои барқгузар 300 мегавот арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG