Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи Қонун дар бораи додани қарзҳои ипотекӣ ё қарз барои сохтмон ва харидории манзил таҳия ва барои баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, мушкили аслӣ дар ин замина то кунун пайдо кардани манобеъи молӣ барои додани қарзҳои дарозмуддат буд.

Оғои Алимардонов мегӯяд, қарзи ипотекӣ, ки барои сохтмони манзил ё харидории он дода мешавад, шакли хоси қарз мебошад, ки он бидуни вуҷуд доштани қонун дода намешавад. Ин гуна қарзҳо дарозмуддат, масалан ба мӯҳлати то сӣ сол дода мешаванд ва аз ҷониби дигар Бонк чунин сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои қарзҳои дарозмуддатро надорад. Дар ин маврид бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва аз ҷумла бо Бонки ҷаҳонӣ музокира шудааст ва акнун тарҳи қонуни додани қарзҳои ипотекиро ҳукумат тасдиқ карда ва барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод кардааст.

Мушкилоти манзил ва таъмини шаҳрвандон ба манзили маскунӣ хусусан дар шаҳрҳо ахиран ба як мушкили умдаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст. Зеро бо фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои умумӣ дар шаҳрҳо комилан мутаваққиф шуда буд ва бо барқарории суботи нисбӣ акнун давлат имкони сармоягузории сохтмонҳои шаҳриро надорад. Ҳ

атто имкони анҷоми сохтмонҳои ниматамом дар шаҳри Душанбе мавҷуд нест ва даҳҳо чунин сохтмон дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳр мавҷуд аст. Аз ин лиҳоз, тайи чанд соли ахир қиммати манзил дар пойтахти Тоҷикистон ба сурати бесобиқае боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG