Пайвандҳои дастрасӣ

Гирифторони HIV дар маҳбасҳои Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор маҳбус гирифтори маризии сил ва 87 тани дигар мубталои ВИЧ СПИД будаанд.


Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, дар чанд моҳи ахир дар зиндонҳои ин кишвар 74 маҳбус бар асари бемориҳои мухталифи сироятӣ мисли сил, омос ва норасоии масунияти бадан ҷони худро аз даст додаанд.


Бахтиёр Худоёров, вазири адлия мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ мутахассисони хориҷию ватанӣ ҷалб шудаанд.


Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносон ва вакилони мудофеъи маҳкумшудаҳо шароити зиндонҳои Тоҷикистонро номувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва сабаби аслии мубталошавии маҳбусон медонанд. Моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи зиддишиканҷаи Созмони Милал аз маргу мири маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG