Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти шабонаи шатранҷбозони тоҷик


Мусобиқоти мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Сардори раёсати тарбияти бадан ва рушди варзиши ин кумита Наргис Набиева ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот барои дуввумин бор аст, ки дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад шуд. Нахустин мусобиқоти шабона оид ба шоҳмоти босуръат дар пойтахти Тоҷикистон соли 2005 доир гашта буд.

Хонум Набиева афзуд: "Бар асоси низомномаи ин мусобиқот барои ҳар як гашт ба шатранҷбоз вақти ниҳоят кам дода мешавад. Дар бозиҳо шатранҷбозони синнашон аз 16-сола боло, ки ҳадди ақал дараҷаи аввали варзишӣ доранд, ширкат хоҳанд кард. Сарпарастони ин мусобиқот - ширкати дорусозии «Эликсир» ва ширкати « Кредит - Экспресс» барои ғолибон мукофоти пулӣ таъсис додаанд. Маблағи ҷавоиз як ҳазор сомониро ташкил медиҳад.»

Дар ин мусобиқот шатранҷбозони маъруфи тоҷик, монанди устодони байнулмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов, Ҷамшед Исоев, Анвар Назаров ва устоди варзиш Рашид Ҳусейнов ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG