Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони маорифи Тоҷикистону Ирон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ


Вазирони маорифи Тоҷикистону Ирон, Абдуҷаббор Раҳмонов ва Маҳмуд Фаршедӣ бо донишҷӯёни бахши забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ мулоқот карданд. Зимни боздид аз донишгоҳ ҳар ду вазир аз синфхонаву китобхонаҳо, ташхисгоҳҳои кимиёвӣ, физикӣ ва биолоҷӣ, ки дар он ҷо донишҷӯён машғули омӯзиш буданд, дидан карданд.

Ҳангоми сӯҳбат гуфта шуд, ки бо кӯмаки Эрон ҳудуди 400.000 китоби алифбои ниёгон барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба табъ расидаанд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба мактабҳои Тоҷикистон тақдим хоҳанд шуд.

Вазири омӯзишу парвариши Ирон зимни сӯҳбат бо донишҷӯёни тоҷик гуфт, ки дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии кишвараш ҳудуди 15 миллион толибилм, ва дар донишгоҳҳояш 3 миллион донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Маҳмуд Фаршедӣ аз донишҷӯёни тоҷик даъват ба амал овард, ки пайваста аз пайи ҷустуҷу ва таҳсил бошанд:

"Ман дидам, ки дар ин ҷо омори бесаводӣ хеле кам аст. Мо аввали пирӯзии инқилоб ними аз донишомӯзонамон ва ҷамъиятамон бесавод буданд. Имрӯз бошад донишомӯзони мо 98,5 дарсадро ташкил медиҳанд, ки дар миёни онҳо ҳам духтарону ҳам писарон аст. Агар духтарон аз писарон ҷилутар набошанд ҳам, аммо ақаб нестанд."

Устодони Донишгоҳи омӯзгорӣ аз меҳмонони эронӣ хоҳиш намуданд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ бо ирсоли кӯмакҳо аз қабили китобҳои дарсӣ, компютер ва маводҳои кимиёӣ мусоидат бикунанд.

Дар ҷараёни сафари вазири омӯзишу парвариши Эрон ба Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ баста мешаванд. Тибқи ин созишномаҳо дар назар аст, ки барномаҳои табодули донишҷӯён ва устодони Эрону Тоҷикистон иҷро шаванд.
XS
SM
MD
LG