Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Тоҷикистон размоиши муштарак мегузаронанд


fr

Нахустин машқҳои муштараки низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Амрико рӯзи 28 январ дар размоишгоҳи Фахробод, 35 - километрии пойтахти ин кишвар оғоз хоҳад шуд.


Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ин тамринот дар чаҳорчӯби як мувофақаи аз қабл ҳосилшуда миёни Амрико ва Тоҷикистон сурат мегирад. Оқои Раҳматуллоев гуфт, омӯзиши роҳҳои муқобала алайҳи даҳшатафканӣ ва маҳви дастаҳои ифротгаро аз аҳдофи баргузории ин размоиш мебошад. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, омодагиҳо барои дар сатҳи баланд доир кардани машқҳои муштарак идома дорад.


Дар ин размоиш воҳидҳои дарёӣ ва аз фармондеҳии таъиноти махсуси нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ширкат хоҳанд кард. Аз ҷониби Тоҷикистон тақрибан ҳафтод тан аз сарбоз ва афсари марзбони Тоҷикистон дар ин тамриноти муштарак ширкат хоҳад кард. Дар бораи анвои силоҳ ва давраҳои размоиши мазкур сухангӯи нируҳои марзбони Тоҷикистон иттилоъе дар даст надоштааст. Аммо вай афзуд, ки сарбоз ва афсарони амрикоӣ дар ин размоиш аз худи Амрико хоҳанд омад.


Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Амрико дар пайи оғози муборизоти Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 рӯ ба афзоиш ниҳод ва Амрико дар ҷараён ва баъди ихроҷи нерӯҳои марзбони Русия аз Тоҷикистон бо роҳандозии чандин барномаҳои кӯмаки низомӣ марзбонони тоҷикро бо афзор ва васоили фаннии низомӣ таъмин кардааст. Аммо то кунун Тоҷикистон ҳамчунин бо Русия, Ҳиндустон, Чин ва Фаронса низ тамриноти муштараки низомӣ доир кардааст. Ва аммо тамриноти низомии Амрико ва Тоҷикистон, ки аз якшанбеи ҳафтаи оянда оғоз хоҳад шуд, чиҳил рӯз идома мекунад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG