Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2006


Қарзи хориҷии Тоҷикистон,ки дар соли сипаришуда 866 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, то ба 28 миллион коҳиш ёфтааст. Ин матлабро Шавкат Соҳибов муовини вазири дороии Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарии худ дар шаҳри Душанбе иброз намуд.



Оқои Соҳибов бо эъломи ин хабар гуфт қарзи хориҷии Тоҷикистон руйи ҳам рафта аз ҳисоби бахшида шудани 99 миллион доллар қарзи Сандуқи байналмилалии пул коҳиш ёфтааст. Ба қавли ҳамин манбаъ ҳамзамон дар соли 2006 даромади буҷаи Тоҷикистон 370 миллион доллари амрикоӣ афзудааст.



Дар ин нишасти матбуъотӣ ҳамчунин гуфта шуд дар ҳоли ҳозир мизони баланди маош дар Тоҷикистон ки баробар ба 72 доллар аст, рост меояд. Ҳақмузди кормандони соҳоти нақлиёту саноат мутаносибан ҳудуди 52 долларри амрикоиро ташкил медиҳад. Муовини вазири дороии Тоҷикистон афзуд, феълан таваҷҷӯҳи асосӣ ба маблағгузории соҳаҳои омӯзишу парвариш, беҳдошт ва энержӣ равона шудааст.



Ба қавли оқои Соҳибов муҳимтарин ниҳодҳои қарздиҳандаи Тоҷикистон - Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёӣ ва Бонки исломии Рушд ва инчунин Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб мераванд. Бино ба иттилоъи вазорати дороии Тоҷикистон қарзҳои хориҷии ин кишвар қарзҳои боимтиёзанд ва бо шароити муносиб ба мӯҳлатҳои тулонӣ гирифта шудаанд.


Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG