Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2006 аз нигоҳи омор


Бино бар омори расмии ахиран нашршуда, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2006 дар муқоиса бо як соли пеш чизе бештар аз 7 дарсад рушд карда ва ба наздики 9 миллиарду 300 миллион сомонӣ, муодили 2 миллиарду 600 миллион доллар баробар шудааст. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 3 миллиарду 121 миллион долларро ташкил додааст, ки назар ба соли 2005 тақрибан 40 дарсад бештар мебошад.
Ва аммо таносуби тиҷорати хориҷӣ дар ин давра манфӣ ва ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 323 миллион доллар зиёдтар шудааст. Ҳолланд, Русия, Туркия ва Узбакистону Қазоқистону Чин аз умдатарин ҳамкорони хориҷии Тоҷикистон дар соли 2006 шумурда шудаанд.

Бино ба омори нашршуда, қарзи хориҷии Тоҷикистон танҳо дар семоҳаи ахири соли гузашта 36 миллион доллари дигар афзуда, акнун ба 866 миллион доллар расидааст. 585 миллион доллар аз ҳаҷми умумии қарзҳои Тоҷикистонро вомҳои ниҳодҳои байналмилалии молӣ ташкил медиҳанд. Мизони таварруми пули миллии сомонӣ дар соли 2006, ба ҷойи 7 дарсади нақша 12,5 дарсадро ташкил дода, нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол қариб 14 дарсад боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG