Пайвандҳои дастрасӣ

Сардаргумии вазорати адлия дар шинохти расмии ҲДТ


Aбдулқаюми Қаюмзод Посухи норӯшани Бахтиёр Худоёров вазири нави додгустарӣ ё адлияи Тоҷикистон дар мавриди сабти номи асноди Ҳизби демократ таҳти раҳбарии Сайидҷаъфар Исмонов - аз ҷиноҳи демократҳои Масъуд Собиров ин суолро матраҳ кардааст,ки оё шонси дарёфти иҷозаи қонунӣ барои ин гурӯҳ то куҷо имконпазир аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тӯли шаш моҳи ахир ин ҳизб маротибаи саввум аст ба худ раис интихоб мекунад. Ва ҳар нафари нав, ки ба чавкии раёсати созмон даст ёфт, бо баршумории иштибоҳҳо ва хатоҳои сиёсӣ кундии фаъолияти раиси собиқро монеаи амали босамари ҳизб хонда, ӯро мавриди накӯҳиш ва интиқод қарор медиҳад.



Бо ин ҳол Бахтиёр Худоёров - вазири додгустарӣ ё адлияи Тоҷикистон дар нахустин нишасти матбуотиаш ба ин мақом бо ишораҳои мармуз аз посухи аланӣ дар робита ба сабти номи ҳизби демократ бо имзои Сайидҷаъфар Исмонов, ки ахиран бо баргузории як анҷумани фавқуллода раисии демократҳои ҷиноҳи Собировро ба даст гирифт, худдорӣ кард.



Вале Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров имконот ва шонсҳои аз қайди давлатӣ гузаштан барои Сайидҷаъфар Исмонов ва пайравонашро хеле зайиф меҳисобад. Зеро, мегӯяд оқои Валиев вазири нави адлияи Тоҷикистон хуб огаҳ аст, ки ба қайд гирифтани гурӯҳи Масъуд Собиров ба унвони раиси Ҳизби демократ ғайриқонунӣ буд ва бо дарназардошти ин нукта, ки ин гурӯҳ низ рӯида аз ҳамин гурӯҳи ғайриқонунист иштибоҳоти вазири пешинро такрор нахоҳад кард: «Фикр мекунам агар вазири собиқи адлия дар сари вазифа мемонд ин шонс барои Исмонов зиёд буд. Ва ҷаноби Худоёров вазири нав ба ин гуна иқдомоти ғайриқонунӣ роҳ намедиҳад»



Ин дар ҳолест, ки Сайидҷаъфар Исмонов-раиси демократҳои ҷиноҳи Масъуд Собиров мӯътақид аст вазорати адлия гурӯҳи ӯро ба қайд мегирад. Зеро ки асноди пешниҳодкардаи ӯ ва баргузории анҷуманаш барои дарёфти иҷозаи фаъолияти расмӣ дар доираи қавонин ва оинномаи ҳизб сурат гирифтааст:«Ман боварӣ дорам. Зеро тамоми ҳуҷҷатҳои лозим дар асоси ойиннома таҳия ва пешниҳод шудааст. Ҳамаи асноди мо анҷумани мо дар асоси ойиннома баргузор шудааст»



Дар ҳамин ҳол Сулаймон Давлатов-сардори раёсати сабти номи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои сиёсии вазорати адлияи Тоҷикистон таъйид кард,ки асноди пешниҳодии гурӯҳи Сайидҷаъфар Исмонов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва танҳо баъди анҷоми мӯҳлати омӯзиш вазорати адлия метавонад ба таври расмӣ мавқеъи худро эълом дорад: «Ҳоло як ҳафта ҳам нашудааст аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳояшон. Ҳоло ҳуҷҷатҳо таҳти омӯзиш қарор доранд. Ҳоло роҳбарияти вазорат бо аснод шинос мешавад. Баъд хулосаи вазорати адлия нисбати асноди пешниҳодӣ ба таври хаттӣ ба аризадиҳанда фиристода мешавад»



Абдуғанӣ Мамадазимов-раиси Анҷумани сиёсатшиносои Тоҷикистон мегӯяд муносибати масъулини идороти давлатӣ дар иртибот ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва махсусан дар мавриди ҳизби демократ ҳамеша ҳамроҳ бо ҳамоҳангии мақомоти боло роҳандозӣ шудааст. Аз ин рӯ вақте Масъуд Собиров хост бо гурӯҳи Раҳматулло Валиев аз ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров якҷо шавад ӯро аз саҳна берун карданд. Зеро ин иқдоми Собиров ба манфиати мақомот набуд: «аз боло маслиҳат шавад онҳо метавонанд қайди Масъуд Собировро бекор кунанд ва Исмоновро қабул кунанд.Лекин дар муддати ним сол ду ё ки се раиси як ҳизби бонуфузро эътироф кардан ин ҳам барои раҳбарияти сиёсии давлат обрӯи хуберо наморад. Барои ҳамин ҳам ман инҷо гумон дорам, лекин дар Тоҷикистон ҳаркор шуданаш мумкин, ҳарчӣ шуданаш мумкин».



Бо ин ҳама ҳам Масъуд Собиров ва ҳам Раҳматулло Валиев - роҳбарони ҷиноҳҳои эътирофшудаи ҳизби демократ унвонии вазорати адлия нома навишта, тақзои радди дархости сабти номи гурӯҳи Сайидҷаъфар Исмоновро кардаанд. Аммо оё ин тақозоҳо то куҷо дар вазорати адлия ба эътибор гирифта мешавад, баъди ду ҳафтаи дигар, яъне то замони посухи вазорати адлия норӯшан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG