Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Владимир Путин аз Ҳинд


Имрӯз, 25 январ Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо як сафари кӯтоҳи расмӣ вориди шаҳри Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд мегардад. Дар ҷараёни ин сафар оқои Путин бо мақомоти баландпояи Ҳинд,аз ҷумла нахуствазири ин кишвар Манмуҳан Сингҳ дидору мулоқот хоҳад кард. Аз замони давраи ҷанги сард Ҳинд муттафиқи сиёсиву низомии Русия маҳсуб меёбад. Дирӯз миёни вазири дифоъи Русия Сергей Иванов ва вазири дифоъи Ҳинд дар Деҳлии Нав дар мавриди густариши ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар чанд тавофуқнома ба имзо расид. Бар асоси тавофуқоти ҳосила Русия иҷозаи тавлиди дастгоҳҳои ҳавопаймоҳи пешрафтаи сохти русиро ба Ҳинд хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG