Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори мубталоёни зуком дар Панҷакент


ШР

Идораи назорати санитарӣ - эпидемиологии шаҳри Панҷакент бо ирсоли як нома унвонии ҳукумати шаҳр хоҳиш кардааст, ки то мӯътадил шудани ҳаво дар макотиб ва кӯдакистонҳо таътил эълон карда шавад.


Ахиран, бар асари бемории зуком Нодира Юсуфова, муҳассили синфи нӯҳи мактаби миёнаи ноҳияи Панҷакент ҷони худро аз даст додааст.


Пизишкони беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент мегӯянд, набуди барқ ва сардии макотиб ва манозили зисти сокинони шаҳр боиси афзоиши бемории зуком дар ноҳия шудааст. Аҳрор Шарифов, сарвари назорати санитарӣ - эпидемиологии шаҳри Панҷакент мегӯяд, ҳарорати дохили биноҳои ҷамъиятӣ ҷавобгӯи талабот набуда ва ин ҳолат сабаби то ҳафт баробар зиёд шудани беморони зуком шудааст.


Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир сӣ дар сади хонандагони макотибу кӯдакистонҳо ва кормандони корхонаҳо бинобар сардии шадиди ҳуҷраҳо мубталои бемории зуком мебошанд.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG