Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон РусАлро муттаҳам мекунад


Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон ширкати РусАлро дар иҷро накардани бандҳои созишномаи миёни Тоҷикистону Русия муттаҳам кард. Тибқи созишномаи Тоҷикистону Русия, ки 16 октябри соли 2004 бо ширкати руасои ҷумҳури ду кишвар ба имзо расида буд, ширкати РусАл сохтмони як қисмати корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, як корхонаи ҷадиди алюминиум дар ҷануби Тоҷикистон, шурӯъи сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва омода кардани 50 ҳазор мутахассиси тоҷикро дар соҳоти саноат ва энергетика ба зимма гирифта буд.


Шералӣ Гулов, вазири саноат ва энержии Тоҷикистон тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, се сол аз ин созишнома сипарӣ шуд, аммо ширкати РусАл кореро ба анҷом нарасонидааст. Вай афзуд, ҳозир бисёр давлатҳо, ширкатҳо, корхонаҳои алоҳида бо дархост муроҷиат карда истодаанд барои иштирок кардан дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун. Вазири саноат ва энержии Тоҷикистон номи ширкатҳои хориҷиро зикр накард, аммо гуфт, Покистон ва Ҳиндустон дар зумраи он кишварҳое ҳастанд, ки ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд,


Мо ин матлабро бо намояндагии РусАл дар Душанбе матраҳ кардем, аммо он аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард. Қаблан намояндагии РусАл дар Тоҷикистон чандин маротиба изҳор дошта буд, ки ӯҳдадориҳояшро тибқи созишнома иҷро мекунад.


Қаблан мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ки сохтмони ниругоҳи Роғунро аз ҳисоби буҷаи кишвар дар соли 2007 шурӯъ хоҳанд кард. Шералӣ Гулов, вазири саноат ва энержии Тоҷикистон гуфт, тибқи муқаррароти буҷа ин гуна маблағҳо баъди семоҳаи аввал маълум мешаванд ва пас аз семоҳаи аввал Тоҷикистон ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун шурӯъ хоҳад кард. Вазири саноат ва энержии Тоҷикистон афзуд, қарор аст ахири моҳи феврал дар мавзӯъи сохтмони нирӯгоҳи Роғун як конфронси байнулмилалӣ бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе баргузор гардад.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG