Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракатҳои хатаровар ба амнияти минтақа


Ба гуфтаи раёсати умури дохилаи Суғд, ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ва Ҳизб – ут – таҳрир барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ хатарангез боқӣ мондааст.

Абдураҳим Қаҳҳоров, сардори раёсати мазкур гуфт, хунинтарин ҷиноёти террористӣ бо истифода аз силоҳ дар шимоли Тоҷикистон дар соли 2006 аз сӯи ҲИУ тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст. Ӯ куштори ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии Конибодом, ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроққум ва сарвари он, шабохун ба қароргоҳи сарҳадбонони тоҷик дар Исфараро мисол овард ва гуфт, дар ҳамаи ин аъзои ҲИУ иштирок доштанд.

Генерал Қаҳҳоров гуфт, ки дар тайи як соли ахир 30 узви ҲИУ аз сӯи мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт ва зиндонӣ шудаанд, ки аксари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва теъдоде кам аз Узбакистон мебошанд. Инчунин, барои боздошти 21 тани дигар узви ин ҳаракат ҷустори ҷиноӣ эълон шудааст. Ин дар ҳолест, ки иддае аз маҳкумшудагон ба зиндон бо ҷурми мансубият ба ҲИУ ва пайвандони онҳо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳама гуна иртиботи маҳкумшудагонро бо ин ҳаракати тундгаро рад кардаанд. Масалан, яке аз наздикони Аббос Мираҳмедов - маҳкумшуда ба 19 соли ҳабс, баъди эълони ҳукм аз сӯи додгоҳи Суғд ба Радиои Озодӣ дар миёнаҳои соли 2006 гуфта буд, ки ӯро таҳти фишор ба эътирофи гуноҳи ҳамдастӣ бо гурӯҳи тундгаро водор кардаанд.

Ба гуфтаи масъулини раёсати умури дохилаи Суғд, ҳадафи ҳамлаи силаҳноки аъзои ҲИУ ба марзбонони тоҷик ба даст овардани силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ буд, ки дар соли гузашта то дараҷае ба он муваффақ шудаанд ва теъдоде аз силоҳи аз марзбонони тоҷик рабуда дар дасти онҳо боқӣ монд. Ҳамчунин, дар задурхӯрдҳои силаҳнок бо марзбонони тоҷику қирғиз дар миёнаҳои соли гузашта ҳадди ақал ду нафаре, ки сарварони ҲИУ дар Суғд хонда мешаванд, кушта шуданд. Дар ҳамин ҳол, генерал Қаҳҳоров мегӯяд, он чӣ нигаронкунанда аст, ҳамкории ин ҳаракати тундгаро бо Ҳизб - ут - таҳрир мебошад.

Бо вуҷуди он ки Ҳизб - ут - таҳрир худро як ҳаракате мехонад, ки аз тундгароӣ ва амалиёти силаҳнок кор намегирад, ба ҳам омадани фаъолияти Ҳизб - ут - таҳрир бо ҲИУро таҳлилгари Суғд - Абдувосити Салимзода дур аз эҳтимол намедонад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд тактикаҳои ин ду ҳаракат гуногун аст, аммо як ҳадафи ниҳоӣ онҳоро ба ҳам меорад ва он ҳадаф ҳам бунёди давлати исломӣ аст.

Аммо ба назари таҳлилгарони Суғд, инчунин заминаҳое барои иртибот ва роҳандозии фаъолияти якҷоя миёни Ҳизб - ут - таҳрир ва ҲИУ аз як сӯ ва аз сӯи дигар, аъзои дастаи Маҳмуд Худойбердиев, ки низ ба гуфтаи мақомоти интизомиву қудратии Тоҷикистон дар минтақаи шимолии ин кишвар аъзо ва ҷонибдороне дорад, вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, ҳамоиши онҳоро аз эҳтимол дур медонанд.

Соли гузаштаи милодӣ бо фаъолияти густардаи аъзои ҲИУ ва Ҳизб - ут - таҳрир дар вилояти Суғд огоз ёфта буд, аммо дар моҳи нахусти соли равон, тавре раёсати умури дохилаи Суғд мегӯяд, ҳеҷ гуна нишонаҳои густариши фаъолият ва афзоиши теъдоди ин ҳаракатҳо ба мушоҳида намерасад.
XS
SM
MD
LG