Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон - фақиртарин қишри ҷомеаи Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон беш аз 70 дар сади ҷавонон дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд, мегӯяд Фирӯз Саидов, коршиноси маркази таҳқиқоти стротеҷии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба ин гурӯҳ ҷавонони беманзил, бекор ва ё онҳое, ки маоши паст мегиранд, шомил будаанд. Ӯ меафзояд, феълан, дар ҷомеъа ғолибан нафарони аз 40 сола боло соҳиби ҷойи кори хуб, даромади мӯътадил ва манзилҳои шахсӣ будаанд.

Дилшод Қурбонов, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар мегӯяд, нақши муҳоҷирони меҳнатӣ дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум назаррас аст. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки қонуни ҷадиди Русия оид ба муҳоҷирон амалӣ мешавад, хатари ба бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ гаштани як гурӯҳи калони муҳоҷиронро ба бор меорад, ки он дар раванди амалӣ кардани барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ, мушкил эҷод хоҳад кард. Ба гуфти Дилшод Қурбонов, дар доираи ин барнома пеш аз ҳама таъмини ҷавонон бо ҷойи кор дар хориҷ ва дохили кишвар ба назар гирифта шудааст, ки тибқи он Кумитаи кор бо ҷавонон дар асоси шартномаҳои давлатӣ ҷавононро ба иншооти сохтмонии кишварҳои муштаракулманофеъ равон мекардаанд. Ӯ меафзояд, дар баробари ин ривоҷи соҳибкорӣ низ барои коҳиши фақр мусоидат хоҳад кард.

Кумитаи кор бо ҷавонон пайваста намоиши ҷойҳои кориро ташкил медиҳад, ки одатан бо маоши на чандон хуб пешниҳод мешаванд. Гуфта мешавад, дар деҳоти кишвар ҷавонон ба вижа духтарон ба бекории шадид мувоҷеҳанд, ки яке аз омилҳои аслии номустақилии иқтисодӣ ва нақзи ҳуқуқи онҳо гаштааст. Аммо Фирӯз Саидов меафзояд, аз суйи дигар иллати аслии бекории ҷавонон ин бемаълумотӣ ва ё надоштани ихтисосҳои муҳиме мебошанд, ки барои пешрафти илму техника ва ё ширкату муасисаҳои муосир мусоидат мекунанд.

Тоҷикистон кишварест, ки беш аз 50 дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад ва ба назари коршиносон, бе нерӯ ва ширкати онҳо кам кореро метавон ба сомон расонид. Фирӯз Саидов мегӯяд, феълан Тоҷикистон бояд захираи зеҳнии худ, яъне сатҳи дониши ҷавононро баланд бибардорад, то ин ки онҳо на танҳо дар сохтмону дигар корҳои сиёҳ, балки чун дигар кишварҳои мутаррақӣ барои рушди ҳамаҷонибаи давлат аз назари сиёсию иқтисодӣ саҳмгузор бошанд.
XS
SM
MD
LG