Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис пас аз хуруҷ аз ИДМ ҳам бо Тоҷикистон низоми бераводидро мехоҳад


Гурҷистон лоиҳаи созишномаҳо оид ба равуои бидуни раводид бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларусро омода мекунад.


Ба гуфтаи мақомоти вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон, тасмими мазкур ба ин хотир гирифта шудааст, ки агар Гурҷистон аз узвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил берун ояд, бо мушкилоти низоми раводид рӯбарӯ нашавад. Аммо ҳоло ҳам дар чаҳорчӯби ин Иттиҳод миёни Гурҷистон ва кишварҳои номбурда низоми раводид ҷорӣ нест.


Кӯшишҳои Гурҷистон барои имзои созишномаҳои мазкур бо Тоҷикистону Қирғизистон ва Беларус тибқи дастури раиси ҷумҳури ин кишвар сурат мегирад. Ҳоло Гурҷистон бо ҳукуматҳои ин се кишвар гуфтушунид дорад ва мехоҳад онҳо лоиҳаи созишномаҳои худро пешниҳод намоянд.
XS
SM
MD
LG