Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ТадАЗ аз идомаи мубориза барои Ҷоми Иттиҳод маҳрум гашт


Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар понздаҳумин давраи Ҷоми Иттиҳод дар се бозӣ ҳамагӣ як имтиёз ба даст овардааст. «Регар» ТадАЗ дар нахустин дидори худ аз тими «БАТЭ»-и Борислави Белорус бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрда, бозии дуввумашро бо тими «Оқтеппа»-и Актюбински Қазоқистон бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом дод. Бозигарони тоҷик дар даври севвум аз ҳайати дуввуми CSKA-и Маскав бо натиҷаи 2 бар 3 шикаст хӯрданд. Дар ин бозӣ ду голро аз тими «Регар» ТадАЗ ҳамлагарон Аббос Абдуллоев ва Низом Раҳимов ба самар расонданд.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» CSKA бо 7 имтиёз мақоми аввал ва БАТЭ бо 6 имтиёз мақоми дуввумро касб карда, ба марҳилаи дуввум роҳ ёфтанд. Дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзи чоршанбеи 24 январ CSKA бо тими «Боку»-и Озарбойҷон, ки дар гурӯҳи «В» ҷойи дуввумро соҳиб шуд, рақобат мекунад. «БАТЭ» бо ғолиби гурӯҳи «В» - «Шериф»-и Молдова қувва меозмояд.

Дар ду бозии дигари чаҳорякниҳоӣ «Каунас»-и Литва - ғолиби гурӯҳи «D» бо «Вентспилс»-и Латвия, ки дар гурӯҳи «С» мақоми дуввумро ишғол кардааст ва «Пахтакор»-и Тошканд - ғолиби гурӯҳи «С» бо ОФК-и Сербия - тими дуввуми гурӯҳи «D» зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Чаҳор дастаи ғолиб ба бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзи ҷумъаи 26 январ барпо мегарданд, роҳ меёбанд.
Барандаи Ҷоми иттиҳод-2007 дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 28 январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский»-и Маскав баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG