Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари вазири омӯзиши Эрон ба Тоҷикистон


Қарор аст Маҳмуди Фаршедӣ вазири омӯзишу парвариши Эрон бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидору гуфту намояд. Оқои Фаршедӣ дар чаҳорчӯби як сафари расмии чаҳоррӯза ахиран вориди пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе шудааст.




Дар чаҳорчӯби ин сафар вазири омӯзишу парвриши ҶИЭ 23 - январ бо ҳамтои тоҷики худ вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот тарафҳо пиромуни масоили таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг табодули назар намуданд.



Ҳадафи аслии сафари вазири омӯзишу парвариши ҶИЭ ба Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои тарафайн дар заминаҳои таълимиву фарҳангӣ, баррасии дурнамои омӯзишу тадриси забони форсӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таъсиси аввалин муассисаи таълимии Ирон дар ин кишвар унвон шудааст. Ба дунболи боздиди вазири омӯзишу парвариши Эрон аз Тоҷикистон интизор меравад миёни ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои омӯзишӣ тавофуқномаҳои муштарак ба имзо расад.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG