Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли Байнулмилалии Мавлоно


Бунёди фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО соли 2007-умро Соли Байнулмилалии Мавлоно эълон кард. Ба ин муносибат дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар тӯли тамоми сол ҷашнвораҳои пири тасаввуф ва шоъири ширинсухан Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ барпо мешаванд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки 30-юми сентябри соли 2007 аз зодрӯзи Мавлонои Рум 800 сол мегузарад ва ӯ кайҳост ба як чеҳраи маъруфи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар ҳоле ки аксарият мегӯянд, Ғарбу ислом дар ҳоли бархӯрд қарор доранд. Аз қазо, охирин баргардони ашъори Мавлоно дар Иёлоти Муттаҳида як рӯз баъд аз ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 аз чоп баромад ва ношири китоб гумон мекард, китоби 400-саҳифагӣ ва гароннархи шоъири мусулмон ширкати ӯро варшикаста хоҳад кард. Аммо 250 ҳазор нусха китоб дар муддати кӯтоҳ ба фурӯш рафт. Ошиқони Мавлоно дар сари сол ба табрикномаҳои худ изофа карданд: Соли Мавлоно муборак!

"НИМЕМ ЗИ ТУРКИСТОН, НИМЕМ ЗИ ФАРҒОНА"

Донишманди эронӣ Алиакбари Деҳхудо дар луғатномаи машҳури худ, маҳаллеро зодгоҳи Мавлоно Ҷалолуддин меномад, ки имрӯз дар ҳудуди Вахшонзамини Тоҷикистон аст. Эҳтимол меравад, ҳаштсад сол пеш ин мавзеъ ба қаламрави Балх шомил будааст.
Муҳаққиқи тоҷик Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ мегӯяд, чунин ишора дар ашъори Саъдии Шерозӣ низ ҳаст: "Дар як байти Саъдӣ ин нукта рӯшан зикр шуда ва дар Луғати Деҳхудо дар бахши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфта шудааст, ки пешиниёни ӯ аз минтақае ҳастанд, ки ҳоло дар Вахшонзамини Тоҷикистон мебошад."

Ва Партави Нодирӣ шоири номовари Афғонистон мегӯяд, Мавлоно ба як ҳавзаи бузурги фарҳанг мансуб аст, ки имрӯз камтар ба он ишора мешавад: "Ба фикри ман, Соли Мавлоно бояд баҳонае шавад, барои донишмандони Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон ва Ҳинд, то Мавлоноро кашф ва афкору андешаи ӯро дарку тарғиб кунанд."

Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ мегӯяд, падари Ҷалолуддин тамоми талошро кард, то фарзандаш аз улуми замона ба таври комил бархӯрдор бошад ва муҳоҷиратҳои паёпай низ натавонистаанд, ин риштаро гусаста кунанд. "Вақте ин хонавода аз Балх ба Самарқанд ва аз он ҷо ба ҳаҷ азимат кард, раҳораҳ устодони кироя Ҷалолуддинро таълим медоданд."

Дар идомаи ин сафар дар Нишопур Фариддудини Аттор ба зиёрати Баҳоуддин Валад меояд, то маснавии "Асрорнома"-и худро ба ӯ тақдим дорад ва дар ин ҷо кӯдаки панҷсола, Ҷалолуддинро мебинад. Ровиҳо меоранд, Аттор дар чеҳраи Ҷалолуддини хурдсол нуреро дидааст ва ба падари ӯ гуфтааст: "Зуд бош, ки ин писари ту оташ дар сӯхтагони олам хоҳад зад."

Партави Нодирӣ мегӯяд, баъд аз расидан ба Қуния Ҷалолуддин хеле зуд ба сатҳе расид, ки лигар шогирдони худро дошт: "Ҳанӯз 25-сола буд, ки ба маснади муфтӣ расид ва чаҳорсад шогирд дошт, ки аз кишварҳои гуногуни исломӣ ба таҳсил омада буданд."

Нодирӣ мегӯяд, дидори Мавлоно бо Шамси Табрезӣ оғози марҳалаи дигаре аз зиндагии ӯ мешавад. Бехабар аз ин суханони Партави Нодирӣ пажӯҳишгари тоҷик аз шаҳри Душанбе Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ мегӯяд, мулоқоти Мавлоно бо Шамс ва пасовандони Шамс ҳар кадом дар умри Мавлоно марҳалае будаанд: "Пас аз нопадид шудани Шамс, ки як сӯгвории бузурге барои Мавлоно буд, ӯ Салоҳиддини Заркӯбро вомехӯрад ва ривояте ҳаст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳар субҳ ба дари дӯкони Заркӯб меомаду мехост, бо чаккуш оҳанге занад, ки ҳамнавои байтҳои пурсӯзи Мавлоно бошад."

Ва бо гузашти солҳо ин ашъор ба ҳамаи гӯшаҳои ҷаҳон парвоз хоҳад кард, аз кулбаи чӯбии ҷопонӣ то кохҳои Колифониё ва аз пойтахтҳои сарди шимол то доманаҳои Африқову Австралиё.

ЧАРО БЕ ТОҶИКИСТОН?

Бунёди маъориф, илм ва фарҳанги Созмони Милал Туркия, Афғонистон ва Мисрро ба ҳайси ташкилкунандагони ҷашни ҷаҳонии Мавлоно эътироф кард ва дар ин миён аз Тоҷикистон ва Эрон ёд накард. Дар Эрон ҳарчанд осори Мавлоно ва пажӯҳишҳои марбут ба ин осор зиёд нашр мешавад, аз он ҷо ки сӯфиён дар шакли як ҷумбиши мазҳабӣ вуҷуд доранд, расман ба Мавлоно таваҷҷӯҳи зиёд дода намешавад. Аммо эрониён дар хориҷ аз Эрон дар тарҷума ва нашри осори Мавлоно нақши бориз доранд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми сафари ҳайъати давлатии Тоҷикистон ба Туркия дар соли гузашта ду к ишвар тасмим гирифта буданд, ки дар якҷоягӣ ба ЮНЕСКО муроҷиат хоҳанд кард, вале ин ҳамоҳангӣ дар амал татбиқ нашуд. Ба ин тартиб номи Тоҷикистон дар рӯйихати соҳибони ҷашн вуҷуд надорад. Намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар ин масъала шарҳи расмие надодааст ва ҳукумати Тоҷикистон низ ба қарори ЮНЕСКО вокуниш накардааст.

МАВЛОНО ВА МАРДУМИ МАВЛОНО

Тазоди бузурге дар миён аст, ки аз як сӯ гуфта мешавад, дар кишварҳои форсизабон, илми мавлоношиносӣ ба сатҳи зарурӣ рушд накардааст, аммо аз сӯи дигар афкори Мавлоно дар миёни мардум решаҳои амиқ дорад. Шоъири саршиноси Афғонистон Партави Нодирӣ мегӯяд: "Мо номи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхиро медонем, вале таҳқиқи ҷанбаъҳои мухталифи осори ӯ сурат нагирифтааст."

Дар Тоҷикистон саромадони фарҳангу адаб бо осору афкори Мавлоно ошноии бештар дошта бошанд ҳам, ин осор дар рӯзгори мардум оддӣ ҷойгоҳи худро дорад. Агар шумо масалеро шунида бошеду маънии онро надонед, маснавии маънавиро боз кунед ва шарҳи муфассалро аз он ҷо биҷӯед. Агар бархе аз гуфтаҳои Мавлоно дар ғояти андешаи баланд ва сухани дилчасп дар ҳофизаи умумии мардум ҳазм шуда бошанд, бархи дигар аз ин ҳофиза ба маснавӣ кӯчидаанд, то бо василаи осори Мавлоно зинда монанд ва аз насл ба насл гузаранд. Афкори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Тоҷикистон мавриди дӯстдории вижа аст, зеро андешаҳои ваҳдату баробарӣ ва ҳамдилиро таблиғ мекунад. Ин ашъор дар маҳфилҳои мазҳабӣ садо медиҳад:

ЯК МИСРАЪ АЗ "МАСНАВӢ"

Он гуна ки худи Мавлоно гуфтааст: "Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт. Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем." Аслан, бо ин ним соат барнома, ба назар мерасад, мо гӯё танҳо як мисраъи Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро бо ҳам хондем ва 26 ҳазор байти Маснавӣ дастнахӯрда монду чи расад ба Девони шамс ё Девони Кабир.
Пас боз хоҳем гашт ба ҷаҳони пурасрору нуронии Мавлоно, то аз фазои он нафас кашем ва бо шумо ҳамнафас гардем.
XS
SM
MD
LG