Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик


Панҷоҳу як муҳоҷири тоҷик ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Қазоқистон боздошт ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд.


Бакит Сарсенов, корманди дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба радиои Озодӣ гуфт, тоҷикони боздоштшударо дар минтақаи марзии воқеъ дар наздикии посгоҳи Кизилтани Сариогоҷ ҳангоми савори автобус аз тариқи роҳи ғайриқонунӣ убур кардани марз боздошт намуданд. Оқои Сарсенов гуфт, ҳамаи боздоштшудагон санади лозимаи таъйидкунандаи убури марз надоштанд.


Ба иттилоъи Талгат Аҳад, додраси додгоҳи маъмурии ноҳия, додгоҳ баъди бозрасии қазияи муҳоҷирони ғайриқонунӣ онҳоро чун марзшикан ба муддати якрӯзӣ ҳабс ва баъдан аз тариқи Узбакистон ба Тоҷикистон ихроҷ намуд. Додрас таъкид намуд, ки чунин ҳодисаҳои убури ғайриқонунии марз аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик борҳо рух додаааст. Ин дар ҳолест, ки барои муҳоҷирон ҳангоми убури қонунии марз ройгон кортҳои муҳоҷират дода мешаванд ва тавассути он муҳоҷирон роҳи хешро дар Қазоқистон бидуни мушкилот идома медиҳанд.


Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, ба амали ғайриқонунии убури марз муҳоҷиронро раҳбаладон раҳнамоӣ мекунанд. Онҳо ба муҳоҷирон ваъдаҳои зиёде медиҳанд, ки бидуни мушкил онҳоро ба Қазоқистону Русия мерасонанд ва аз муҳоҷирон маблағи калон мегиранд. Вале чун муҳоҷирон боздошт мегарданд, раҳбаладон онҳоро ба ҳоли хеш гузошта фирор мекунанд.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG