Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Помир" аз байн меравад?


Фарҳод Раҳматуллоев, сардори бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, порсол барои ширкати ду даста - CSKA ва СКА «Помир» дар лигаи олӣ вазорат маблағи зиёд масраф намуд, вале ин бошгоҳҳои футбол натоиҷи назаррас ба даст наоварданд. Бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки СКА «Помир» дар мусобиқоти қаҳрамонии шаҳри Душанбе ширкат варзида, барои тарбияи бозигарони ҷавону пуристеъдод ва ҷалби онҳо ба ҳайати бошгоҳи марказӣ хидмат намояд.

Сергей Ли, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик сармураббии тими CSKA-и Душанбе таъин шудааст. Вай пеш аз ин мураббии тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бар ӯҳда дошт. Ба гуфтаи ҷаноби Ли сармураббии собиқи CSKA Иштван Секеч, ки ба Русия баргаштааст, эҳтимол аст, дар бошгоҳи футболи «Газовик»-и Оренбург ба ҳайси ёвари сармураббии ин даста ифои вазифа намояд.

Сармураббии ҷадиди CSKA мегӯяд, дар айни ҳол мо дар шаҳри Душанбе, дар урдугоҳи бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи Тоҷикистон тамрин карда, ба мусобиқоти имсола омодагӣ мебинем. Вале ҷаноби Ли аз он изҳори нигаронӣ кард, ки CSKA то имрӯз ҳамчун бошгоҳи футбол мақоми ҳуқуқӣ надорад, зеро Оинномаи он дар Вазорати адлияи Тоҷикистон номнавис нашудааст. Бинобар ин, мегӯяд ҷаноби Ли, ҳоло мо сари ин масъала фикр мекунем ва дар ин бора ба вазири дифоъ таклиф пешниҳод хоҳем кард.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Дамир Камолиддинов, бозигар ва мураббии маъруф мегӯяд, хуб мебуд, номи «Помир» ҳамчун рамзи футболи тоҷик ба CSKA илова шуда, бошгоҳи футболи Вазорати дифоъи Тоҷикистон CSKA «Помир»-и Душанбе номида мешуд. Зеро, ба андешаи Дамир Камолиддинов, бинобар паст будани сатҳи мусобиқоти қаҳрамонии футболи шаҳри Душанбе, номи «Помир» ҳам аз байн хоҳад рафт, ки ин боиси таассуф аст.
XS
SM
MD
LG