Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши иқтидори тавлидотии корхонаи «Апрелевка»


МИ

Корхонаи муштараки тавлиди тиллои Тоҷикистону Канада бо номи «Апрелевка» дар вилояти Суғд бо таъсиси як сехи нав иқтидори истеҳсолиашро то коркарди 300 тон маъдан дар як сол боло бурдааст.


Дар ин бора Наҷмидин Отаев, сардори шӯъбаи саноати ҳукумати Суғд ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани сехи нав, корхонаи «Апрелевка» солона ба коркарди 180 тон маъдан иқтидор дошт. Оқои Атаев гуфт, ба кор даромадани сехи нав барои 25 нафар ҷойҳои нави корӣ фароҳам овардааст.


Корхонаи муштараки «Апрелевка», воқеъ дар мавзеъи Консой, тақрибан 30 километрии шимоли Хуҷанд, дар соли 1995 ифтитоҳ ёфтааст. Саҳмияи ҷониби Тоҷикистон дар ин корхона 51 ва ҷониби Канада 49 дар сад мебошад.


Ба иттилоъи шӯъбаи саноати ҳукумати Суғд, корхонаи муштараки «Апрелевка» дар соли 2006 ба маблағи наздики 27 миллион сомонӣ, муодили беш аз 7,5 миллион $ тилло ва нуқраи дараҷаи холисиаш 99 истеҳсол кардааст. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, 60 % фулузоти қиматбаҳои тавлиди ин корхона ба захираи тиллои ҷумҳурӣ ворид мешавад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG