Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистони форсизабон дар Душанбе ҷамъ меоянд


Барои нахустин бор журналистони форсизабон аз Ирону Афғонистон ва Тоҷикистон дар Душанбе гирд меоянд. Дар оғози даҳаи дуввуми моҳи март дар Душанбе ҳамоиши расонаҳои хабарии форсизабон баргузор мешавад. Мубтакирони ин ҳамоиш ҳафтаномаи мустақили «Миллат» ва бунёди Сорос мебошанд.


Мусоидат ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамзамон, ҷилавгирӣ аз оқибатҳои манфии ҷаҳонишавӣ барои баъзе халқҳо тариқи ҳимояи ҳаққи онон ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот бо забони модарии форсии худ, ташкил ва тавсеаи фазои ягонаи иттилоотӣ барои мардуми форсизабон ва таъсиси як иттиҳодияи журналистони форсизабон аз аҳдофи аслии ин ҳамоиш унвон шудааст.


Адолат Умарова, сардабири нашрияи "Миллат", яке аз мубтакирони ҳамоиш мегӯяд, фарҳанги форсӣ ба ҳайси яке аз тамаддунҳои бузурги ҷаҳон метавонад дар раванди ҷаҳонишавӣ нақши мусбии худро бибозад ва аммо бо иллати тафриқаи ҷуғрофӣ ва сиёсии мардуми форсизабон дар садсолаи ахир, имрӯз як нерӯи воҳиди иттилоотии форсизабон вуҷуд надорад.


Ба эътиқоди мубтакирони ҳамоиш, ҳамкории расонаҳои хабарии форсизабон ба рушди муносиботи иқтисодии кишварҳои форсизабон ва бунёди сиёсати дӯстона низ мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG